Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?

Аз рӯйи анъана, имсол низ “Азия-Плюс” дар арафаи Рӯзи модарон иқдоми солонаи худ – “Модарони мо” – ро баргузор кард. Давоми рӯз автобуси идонаи мо бонувону модаронро ройгон бурд ва ба онҳо туҳфаҳо низ тақдим гардид. Имрӯз, 7-уми март ба бонувон зиёда аз 700 туҳфа аз шарикон тақдим шуд. Имсол низ “Азия-Плюс” ин маъракаи зеборо […]

Аз рӯйи анъана, имсол низ “Азия-Плюс” дар арафаи Рӯзи модарон иқдоми солонаи худ – “Модарони мо” – ро баргузор кард. Давоми рӯз автобуси идонаи мо бонувону модаронро ройгон бурд ва ба онҳо туҳфаҳо низ тақдим гардид. Имрӯз, 7-уми март ба бонувон зиёда аз 700 туҳфа аз шарикон тақдим шуд.

Имсол низ “Азия-Плюс” ин маъракаи зеборо дар якҷоягӣ бо ширкати “Оби Зулол” ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ кард. Ҳамчунин, моро дар ин иқдом шариконамон – ширкати “Артел”, Бонки амонтагузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва ширкати “Покиза” дастгирӣ карданд. 

“Азия-Плюс” аллакай бори ҳаштум аст ин ин иқдомро мегузаронад. Ин аст, ки сокинону меҳмонони пойтахт ҳар бор  автобуси моро пешакӣ дар истгоҳҳо интизор мешаванд. Соли равон низ чунин шуд. Автобуси мо аллакай аз истгоҳи якум – “Истгоҳи роҳи оҳан” пур аз меҳмон буд.

Эҳсоси ҳаяҷон, шодиву хандаҳои самимӣ ва садои мусиқиву замзамаи сурудҳои сарояндагони маъруф ҳамсафари саёҳати имрӯзаи мо буданд. Барои офаридани ин фазои дилнишин, бо мо сарояндаҳои номдор Собир Аминов, Чоршанбе Аловатов ва Ҷаҳонгир Зарипов кӯмак карданд.

Шодиву хандаҳои самимии модарон барои мо илҳому фараҳи нав бахшид. Мо итминон дорем, ки чунин анъанаҳои нек идома меёбанд ва он ҳамасола ба бонувони тоҷик хушҳолӣ мебахшад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.