Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025

Asia-Plus

ЭЪЛОН

Имрӯз соати 11:00 Театри давлатии "Лӯхтак" намоишномаи “Весёлый балаган”-ро ба саҳна мегузорад. Арзиши чипта 20 сомонӣ мебошад. Пеш аз оғози намоишнома дар ошёнаи якуми театр, шоу-барнома бо лӯхтакҳо намоиш дода мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 МАРТ

Соли 1934 – Дар Душанбе Осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт. Соли 1999 ин осорхона ба Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод тағйири ном кард. Дар соли 2013 пас аз ба истифода додани бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод барҳам дода шуд ва хазинаи он ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон интиқол ёфт.

Соли 1996 – Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии Тоҷикистон “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон”-ро имзо карданд. Ин санад ҳамчун қадами муҳиме дар раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ба ҳисоб мерафт.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳиҳои пайванди ҳуҷайраҳои бунёдӣ анҷом дода шуданд.

Соли 2010 – Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Соли 2018 – Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Душанбе омад. Дар натиҷаи сафари дурӯза 27 созишномаи дуҷониба, аз ҷумла созишнома дар бораи лағви раводид байни ду кишвар ва сафари бидуни визаи шаҳрвандон ба давлатҳои якдигар дар муддати 30 рӯз ба имзо расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1940 – Зодрӯзи Умринисо Сироҷиддинова, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1953 – Мавлуди Фарҳоди Карим, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Соли 2018 – Соҷида Ғуломова, ҳунарпешаи тоҷик, яке аз маъруфтарин коргардонҳои телевизиони Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз зодрӯзи Юрий Гагарин, нахустин кайҳоннавард дар ҷаҳон аст. Ӯ 12 апрели соли 1961 дар киштии кайҳонии “Восток-1” аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба фазо баромад ва дар давоми 108 дақиқа Заминро давр зад.

Ин парвоз оғози давраи нави таҳқиқоти кайҳонӣ шуд ва Гагаринро ба як шахсияти таърихӣ табдил дод. Пас аз парвоз, ӯ ба қаҳрамони миллӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт, бо раҳбарони гуногуни ҷаҳон мулоқот кард ва ба таблиғи илм ва кайҳоннавардӣ машғул буд.

Мутаассифона, 27 марти соли 1968, Гагарин ҳангоми парвози омӯзишӣ дар як ҳавопаймои ҷангӣ ба ҳалокат расид. Ҳамасола 12 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кайҳоннавардӣ таҷлил карда мешавад.

Рӯзи ҷаҳонии DJ-ҳо (World DJ Day) як чорабинии байналмилалӣ аст, ки ҳамасола 9 март ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо ҷашни фарҳанги DJ-ҳо ва мусиқии электронӣ, балки як маъракаи хайрия низ мебошад.

World DJ Day соли 2002 бо ташаббуси ташкилотҳои байналмилалии мусиқӣ ва саноати клубӣ таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии он на танҳо қадрдонии саҳми DJ-ҳо дар рушди фарҳанги мусиқӣ, балки ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба кӯмак ба кӯдакони ниёзманд мебошад.

65 сол қабл дар ин рӯз, аввалин лӯхтакҳои Барби ба фурӯш бароварда шуданд. Барби яке аз машҳуртарин бозичаҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Асли Барби ба як лӯхтаке бармегардад, ки аввалан дар Олмон барои калонсолон сохта шуда буд. Ин лӯхтак таваҷҷуҳи Рут Ҳандлерро ба худ ҷалб кард. Вай онро такмил дода, ба як бозичаи мувофиқ барои кӯдакон табдил дод ва соли 1958 барои он патент гирифт. Дар муддати кӯтоҳ, Барби дар зиёда аз 150 кишвар маъруф гашт.

Бо вуҷуди шуҳрати ҷаҳонӣ, Барби борҳо мавриди танқид қарор гирифтааст. Баъзе мутахассисон бар он назаранд, ки ин лӯхтак сабаби паҳншавии бемориҳое чун анорексия ва булимия мебошад..

Имрӯз як ҷашни ғайрирасмӣ – Рӯзи байналмилалии ҳашароти хонагӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз махсус барои дӯстдорони ҳашарот ва энтомологҳо мебошад.

Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи нақши ҳашарот дар муҳити зист ва қадрдонии онҳое мебошад, ки онҳоро ҳамчун ҳайвоноти хонагӣ нигоҳ медоранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм), рӯзона борони кӯтоҳмуддат. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш, рӯзона борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 4+6º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...