“Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”. Дар Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии тоҷикон дар ҶБВ филм ба навор гирифтанд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Сабти филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”, ки аввали моҳи январ оғоз гардида буд, рӯзи 16-уми март ва танзими он моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом мерасад. Интизор меравад, ки нахустнамоиши филм то поёни соли равон баргузор гардад. Дар ин бора, Нигина Раҷабова, коргардони филм ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” дар асоси ҳикояи ҳамноми Холмурод Шарифов, нависандаи тоҷик таҳия шуда, бо коргардонии Нигина Раҷабова ва Орзумурод Шарифов сабт мешавад. Директори филм Субҳон Идиев аст.

Ба иттилои “Тоҷикфилм”, филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) бахшида шуда, қаҳрамонии ҷанговарони тоҷикро дар майдони ҷанг ва нақши онҳоро дар ақибгоҳ тасвир мекунад.

Сужаи филм ба воқеаи таърихии 4-11 феврали соли 1945 дар шаҳри Ялтаи Қрим рухдода рабт мегирад, ки дар он Иосиф Сталин, Уинстон Черчилл ва Франклин Рузвелт – сарварони Иттиҳоди Шӯравӣ, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар машварати ниҳоии эътилофи зиддигитлерӣ ҷамъ омада буданд.

Черчилл, ки ошиқи таоми белмоҳӣ будааст, хоҳиш мекунад, ки барои хӯроки шом аз ин навъи нодири моҳӣ таом омода кунанд. Ба пиндори ӯ, ин навъи моҳиро танҳо аз гӯшаҳои дурдасти дарёи Миссисипии Амрико ёфтан имкон дошт. Аммо бар хилофи андешаи ӯ дар камтарин фурсат хоҳишаш иҷро мешавад ва аз дарёи Панҷи Тоҷикистон белмоҳиро пайдо мекунанд. Номи филм низ аз ин воқеа сарчашма мегирад.

Ба гуфтаи масъулини “Тоҷикфилм”, саҳнаҳои филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, “Бешаи палангон”, ноҳияи Панҷ ва соҳили дарёи Панҷ сабт шудаанд ва интизор меравад, ки баъзе саҳнаҳои қисмати боқимонда дар Шаҳринаву Ҳисор наворбардорӣ шаванд.

Ба иттилои Нигина Раҷабова, нақшҳои асосиро дар филм Пӯлод Нозимов, Мастура Ортиқзода, Малоҳат Абдуллоева, Маҳингул Назаршоева, Отахон Саидзода, Абдураҳим Абдураҳмонов, Бароҳат Шукрова бозида, як қатор ҳунармандони дигар дар филм ширкат варзидаанд.

Бояд гуфт, ба иттилои “Тоҷикфилм” дар соли 2024 ин муассиса 4 филми ҳунарии пурра, 10 филми мустанад, 2 филми кутоҳ, 1 филми тасвирӣ ва 3 филми ҳунарии муштарак наворбардорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...