Баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон. Эрониён дар Ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд

Ширкати ҳавопаймоии “Киш-Эйр”-и Эрон дар арафаи ҷашни Наврӯз се парвоз дар масири Киш-Душанбе-Киш анҷом медиҳад. Парвозҳо аз 18-уми марти соли ҷорӣ оғоз гардида бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳии байни Тоҷикистону Эрон роҳандозӣ мегарданд. Дар ин бора аз Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки парвозҳои махсус ба […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Киш-Эйр”-и Эрон дар арафаи ҷашни Наврӯз се парвоз дар масири Киш-Душанбе-Киш анҷом медиҳад. Парвозҳо аз 18-уми марти соли ҷорӣ оғоз гардида бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳии байни Тоҷикистону Эрон роҳандозӣ мегарданд. Дар ин бора аз Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки парвозҳои махсус ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз анҷом дода мешаванд.

“Тавассути се парвози чартерие, ки ширкати ҳавопаймоии “Киш-Эйр” анҷом медиҳад сайёҳон, блогерон, журналистон ва дигар намояндаҳои Эрон, ки мехоҳанд ҷашни Наврӯзи Тоҷикистонро бубинанд ва дар он иштирок кунанд меоянд”,-гуфтанд дар Оҷонсии ҳавонавардӣ.

Гуфта мешавад, ки парвозҳо бо ҳавопаймои “Airbus A321”-и ширкати  ҳавопаймоии “Киш-Эйр” амалӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки сафари дастаҷамъии сайёҳону блогерон, рӯзноманигорон ва дигар намояндаҳои Эрон ба Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз сокинони ин кишвар ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон “дар дилхоҳ вақт ва бидуни сармоягузорӣ” сурат хоҳад гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари дурӯзаи Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон бо хитоб ба соҳибкорону меҳмонон даъват карда буд, ки дар ҷашни Наврӯз бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон ташриф оранд.

“Биёед, маблағгузорӣ мекунед, намекунед, ҳамчун хонаи худатон ҳамроҳи хонаводаатон дар фасли баҳору тобистону тирамоҳ, ҳар вақте, ки барои худатон қуллай бошад, ба Тоҷикистон биёед. Рафту омад кунед, мо таърихи миллии гузаштаи худро бояд дубора эҳё кунем”,- гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки аввали соли 2025-ум Эрон низоми раводид бо Тоҷикистонро барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ин кишвар пурра лағв кард. Шӯрои вазирони ин кишвар қарори дахлдор дар ин бора ба имзо расониданд. Ҳукумати Тоҷикистон низ пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишвар “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард.

Акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, тариқи ҳавоӣ бидуни монеа ба кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯз дар давоми 90 рӯз сафар кунанд.

Қаблан, танҳо байни Теҳрону Душанбе ва баръакс ва онҳо ҳам тариқи хатсайри мустақим раводид лағв шуда буд. Интизор меравад, ки бо афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконоти бештари сафар барои шаҳрвандон фароҳам гардад.

Ҳоло миёни Душанбе ва шаҳрҳои Теҳрону Машҳад парвозҳо анҷом дода мешаванд ва дар ояндаи наздик хатсайрҳои Душанбе – Киш – Душанбе ва Душанбе – Шероз – Душанбе низ ба роҳ монда мешаванд.

Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио