Маблағгузории БАТР ва БОР ба корҳои таъмиру навсозии роҳи Данғара – Гулистон

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба рушди тиҷорат ва долонҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон тавассути маблағгузорӣ ва корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Данғара – Гулистон саҳм мегузорад. Роҳе, ки ҳанӯз солҳои 1930-юм сохта шудааст, қисмате аз долони бузурги байнулмилалӣ ва занҷираи муҳими пайвасткунандаи минтақаи шимол ва ҷануби вилояти Хатлон аст. Вилояти мазкур минтақаест, ки дар он […]

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба рушди тиҷорат ва долонҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон тавассути маблағгузорӣ ва корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Данғара – Гулистон саҳм мегузорад.

Роҳе, ки ҳанӯз солҳои 1930-юм сохта шудааст, қисмате аз долони бузурги байнулмилалӣ ва занҷираи муҳими пайвасткунандаи минтақаи шимол ва ҷануби вилояти Хатлон аст. Вилояти мазкур минтақаест, ки дар он зиёда аз 53%-и маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, беш аз 35%-и аҳолии ҷумҳурӣ дар ин қаламрав зиндагӣ мекунанд.

Қарзи мустақили БАТР ба маблағи то 38 млн евро ба таъмиру навсозии қитъаи роҳи масофааш 49 км ва сохтмони зерсохтори нерудиҳӣ барои электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) равона мегардад. Бонки осиёии рушд (БОР) барои амалисозии лоиҳа ба маблағи то 86,7 млн доллар грант пешниҳод мекунад.

Дар лоиҳа табдили роҳи духатаи категорияи II то роҳи чорхатаи категорияи I пешбинӣ шудааст, ки ҳамлу нақли бор ва равуои мусофиронро тариқи вилояти Хатлон ба таври назаррас зиёд карда, ба рушди тиҷорат мусоидат менамояд. Роҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда, роҳҳо барои дучарха ва пиёдагардон ва шахсони имконияташон маҳдуд таъмин мешавад.

Ин яке аз аввалин роҳҳое дар кишвар хошад шуд, ки бо нуқтаҳои нерудиҳӣ барои электромобилҳо муҷаҳҳаз мешавад. Ба ин васила татбиқи лоиҳа ба истифодаи чунин навъи нақлиёт ва сохтмони зерсохтори марбута мусоидат хоҳад кард.

БАТР ҳамчунин барои таҳияи Нақшаи миллии амал ҷиҳати омодагӣ ба рушди устувори нақлиёти барқӣ дар кишвар грант пешниҳод мекунад, ки ба ҳавасмандсозии сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ ба ин самт нигаронида шудааст.

То имрӯз Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба 183 лоиҳа дар Тоҷикистон маблағи зиёда аз 1 млрд евро сармоягузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.