Манбаъ: Пагоҳ сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қариб 4 сол ба ин сӯ баста буд, интизор меравад пагоҳ, 13-уми марти соли 2025, боз шавад. Дар ин бора як манбаъ ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод. Ӯ гуфт, “ифтитоҳи расмии гузаргоҳҳои марзӣ аз ҳарду ҷониб бо ҳузури мақомоти баландпоя ва марзбонон сурат мегирад”. Вале маълум нест, […]

Asia-Plus

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қариб 4 сол ба ин сӯ баста буд, интизор меравад пагоҳ, 13-уми марти соли 2025, боз шавад. Дар ин бора як манбаъ ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

Ӯ гуфт, “ифтитоҳи расмии гузаргоҳҳои марзӣ аз ҳарду ҷониб бо ҳузури мақомоти баландпоя ва марзбонон сурат мегирад”.

Вале маълум нест, ки дар он раисони ҷумҳури ду кишвар ба таври маҷозӣ ё ҳузурӣ ширкат мекунанд. Ҳамчунин, номаълум аст, ки мушаххасан кадом гузаргоҳи сарҳадӣ боз мешавад.

Қаблан, як манбаи дигар аз ҳукумати Исфара ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ дар кушодашавии ду гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар ширкат мекунанд.

Бояд гуфт, ки имрӯз, 12-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо як сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафт ва ин сафар ду рӯз идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, пагоҳ, 13-уми март, як гурӯҳ рӯзноманигорон барои инъикоси кушодашавии марз байни ду кишвар ба минтақаҳои марзӣ даъват шудаанд. Яке аз хабарнигорони даъватшуда низ тасдиқ кард, ки пагоҳ ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон меравад ва тибқи иттилои ба ӯ ироашуда, дар маросими дубора боз шудани сарҳади давлатии ду кишвар иштирок карда, онро пӯшиш медиҳад.

Ёдовар мешавем,ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии марзии моҳи апрел-майи соли 2021 баста шуда буд. Он замон Қирғизистон сарҳадро якҷониба баст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио