Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи “Манас” Содир Жапаров истиқбол гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, ки имрӯз, 12-уми марти соли 2025, бо як сафари давлатии дурӯза ба Бишкек сафар кард, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Фурудгоҳи байналмилалии “Манас” пешвоз гирифт. Дар ин бора Хадамоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.  Ба иттилои манбаъ саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду […]

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, ки имрӯз, 12-уми марти соли 2025, бо як сафари давлатии дурӯза ба Бишкек сафар кард, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Фурудгоҳи байналмилалии “Манас” пешвоз гирифт. Дар ин бора Хадамоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад

Ба иттилои манбаъ саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд.

Ба навиштаи хабаргузории “АКИpress” "роҳбарони ду давлат барномаи консертии ҳунармандони қирғизро, ки сурудҳои қирғизиву тоҷикӣ сароиданд, тамошо карданд".

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон ду рӯз, 12-13-уми март идома меёбад. Дар ин сафар раиси ҷумҳури Тоҷикистонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон пас аз имзои созишнома миёни комиссияи байнидавлатӣ оид ба муайянкунии сарҳад мебошад. Созишномаи мазкур моҳи гузашта имзо гардид ва ҳоло ҳамаи расмиёти заруриро нагузаштааст. Аз ҷумла аз ҷониби раисони ҷумҳури ду кишвар имзо нашудааст ва дар парлумонҳои ду кишвар ҳам ба тасвиб нарасидааст.

Тибқи иттилои дастрасгардида, пагоҳ сарҳади давлатии ду кишвар пас аз қариб 4 соли баста будан, дубора боз мешавад. Эҳтимол аст раисони ҷумҳури ду кишвар дар маросими боз кардани гузаргоҳи сарҳадӣ ба таври маҷозӣ иштирок кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.