Барои қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия 3 балл кофист

Asia-Plus

Барои қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои Русия аз 1 апрел аз санҷиш (тест)-и донистани забони русӣ гузаштан бо дарёфти 3 балл кофист. Дар ин бора нашрияи “Коммерсант” бо истинод ба фармони Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор), ки дар pravo.gov.ru нашр шудааст, хабар медиҳад.

Лоиҳаи санадро дар бораи баллҳои ҳадди ақалл ин ниҳод рӯзи 12 феврал пешниҳод кардааст. Тибқи он, зимни санҷиши кӯдакони муҳоҷирон аз донистани забони русӣ, онҳо бояд на камтар аз 30% аз балли ниҳоиро гиранд. Ин пешниҳодро дар Думаи давлатӣ интиқод карда, баъдан Рособрнадзор лоиҳаро хориҷ кард ва нашри онро “иштибоҳи техникӣ” маънидод намуд.

Рӯзи 18 феврал Хадамот лоиҳаи навро интишор намуда, 30% балли ҳадди ақаллро ба 3 (аз 5 балл) иваз кард. Ба ин тарзи пешниҳод вакилони парлумон дигар саволе надоштанд.

Моҳи декабри соли гузашта Думаи давлатӣ қонуни манъи қабули кӯдакони муҳоҷиронро, ки аз санҷиши забони русӣ нагузаштаанд, маъқул донист. Тағйирот  ба қонун “Дар бораи маориф” аз 1 апрели соли 2025 мавриди амал қарор мегиранд. Аз ин вақт кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ бояд донистани забони русиро дар сатҳи зарурӣ барои “азхудкунии меъёрҳои федералӣ дар соҳаи маориф” тасдиқ кунанд.

Рӯзи 15 март Вазорати маориф хабар дод, ки имтиҳон ба онҳое, ки барои қабул ба синфҳои 2-11 ҳуҷҷат месупоранд, дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ гузаронда мешавад. Барои қабул ба синфи 1-ум гузаштан аз санҷиши шифоҳӣ кофист.

Дар сурати муваффақона аз санҷиш гузаштан, кӯдакро ба мактаб қабул мекунанд. Агар ӯ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳо набарояд, ба волидон пешниҳод мекунанд, ки ӯро ба машғулиятҳои иловагии забони русӣ супорад. Ба такроран супурдани имтиҳон пас аз се моҳ иҷоза дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...