Нахустин парвоз дар масири Кеш-Душанбе-Кеш анҷом ёфт

Дирӯз, 16-уми марти соли равон нахустин парвоз миёни ҷазираи Кеши Эрон ва Душанбеи Тоҷикистон ва баръакс анҷом ёфт. Тавассути ин хатсайр як гурӯҳ масъулини бахши гардишгарӣ ва ширкатҳои сайёҳии Эрон вориди Тоҷикистон шуданд. Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст, ки дар ин хатсайр аз ҷумла, Алӣ Ҳасанлу, муовинии ниҳоди гардишгарии ҷазираи Кеш, Абулфазл Асновандӣ, мудири ширкати […]

Дирӯз, 16-уми марти соли равон нахустин парвоз миёни ҷазираи Кеши Эрон ва Душанбеи Тоҷикистон ва баръакс анҷом ёфт. Тавассути ин хатсайр як гурӯҳ масъулини бахши гардишгарӣ ва ширкатҳои сайёҳии Эрон вориди Тоҷикистон шуданд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст, ки дар ин хатсайр аз ҷумла, Алӣ Ҳасанлу, муовинии ниҳоди гардишгарии ҷазираи Кеш, Абулфазл Асновандӣ, мудири ширкати ҳавопаймоии “Кеш” ва дигар маъмурону намояндагони соҳаи сайёҳии ин кишвар ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар доираи ин сафар намояндагони бахши гардишгарии Эрон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи Исмоили Сомонӣ, майдон ва маҷмааи “Истиқлол”-и Душанбе дидан карданд.

Дар идомаи сафар онҳо ҳамчунин, бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мулоқот кардаанд.

 “…ба роҳ мондани хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар доираи баргузории иди миллии тоҷику форс – Наврӯз, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, барои густариши ҳамкориҳо, зиёд намудани шумораи сайёҳон, шинос шудан аз урфу одатҳои хоси миллии тоҷикӣ замина мегузард”, – гуфтааст Ҷамшед Ҷумъахонзода дар суҳбат бо намояндагони эронӣ.

Дар ин мулоқот беҳтар намудани ҳамкориҳои гардишгарӣ баррасӣ шуда, ҳамзамон, миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки Ширкати ҳавопаймоии “Кеш-Эйр”-и Эрон дар арафаи ҷашни Наврӯз се парвоз дар масири Кеш – Душанбе – Кеш анҷом медиҳад. Ин парвозҳо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳии байни Тоҷикистону Эрон роҳандозӣ гардидааст.

Ин парвозҳо санаҳои 16, 18 ва 20-уми март анҷом меёбад. Парвозҳо бо ҳавопаймои “Airbus A321”-и ширкати ҳавопаймоии “Кеш-Эйр” амалӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки сафари намояндаҳои Эрон ба Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз сокинони ин кишвар ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон “дар дилхоҳ вақт ва бидуни сармоягузорӣ” сурат хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки аввали соли 2025-ум Эрон низоми раводид бо Тоҷикистонро барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ин кишвар пурра лағв кард. Шӯрои вазирони ин кишвар қарори дахлдор дар ин бора ба имзо расониданд. Ҳукумати Тоҷикистон низ пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишвар “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.