Як патент барои ду минтақа. Русия мехоҳад тартиби иҷозаи фаъолиятро дар Маскаву Санкт-Петербург ва атрофи онҳо тағйир диҳад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки он ба муҳоҷирони корӣ иҷозат медиҳад, бо як патент дар ду минтақаи ҳамсоя кор кунанд. Меъёри пешниҳодшуда танҳо ба шаҳри Маскав ва вилояти Маскав ва Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград рабт дорад. Лоиҳаи қонун рӯзи 10-уми марти соли равон дар пойгоҳи додаҳои Думаи давлатӣ нашр шудааст. […]

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки он ба муҳоҷирони корӣ иҷозат медиҳад, бо як патент дар ду минтақаи ҳамсоя кор кунанд. Меъёри пешниҳодшуда танҳо ба шаҳри Маскав ва вилояти Маскав ва Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград рабт дорад.

Лоиҳаи қонун рӯзи 10-уми марти соли равон дар пойгоҳи додаҳои Думаи давлатӣ нашр шудааст.

Тибқи ин лоиҳа, шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди як минтақа патент гирифтаанд, метавонанд дар минтақаи ҳамсоя низ фаъолият кунанд, ба шарте ки байни ин минтақаи Русия созишномаи дахлдор баста шавад. Ҳамзамон, корфармоён, ки дар як минтақа фаъолият мекунанд, метавонанд шаҳрвандони хориҷиро, ки дар минтақаи дигар патент гирифтаанд, ба кор қабул намоянд.

Дар назар аст, ки ин қонун аз 1-уми сентябри соли 2025 эътибор пайдо кунад.

Гуфта мешавад, барои назорати иҷрои ин қонун корфармоён ба ВКД-и Русия дар бораи макони фаъолияти кормандонашон, ки шаҳрванди хориҷианд, маълумот диҳанд ва аз интиқолди кори онҳо дар минтақаи дигар огоҳ намоянд.

Айни замон, корхона ва ширкатҳое, ки объектҳои онҳо дар ду минтақаи гуногуни Русия ҷойгиранд, маҷбур мешаванд барои муҳоҷирони кории худ патенти иловагӣ дар минтақаи ҳамсоя гиранд ё якбора ду патент тартиб диҳанд. Махсусан, ширкатҳое, ки барои кор дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ба нерӯи корӣ аз минтақаи ҳамсоя ниёз доранд, ба ин мушкил гирифторанд.

Аммо коршиносон аз мавриди амал қарор гирифтани ин қонун шубҳа доранд. Ҳамчунин изҳор мекунанд, ки бояд лоиҳаи қонун каме дигаргуна мебуд ва муҳоҷирон ҳуқуқи бо як патент дар тамоми қаламрави Русия кор карданро ба даст меоварданд.

Бояд гуфт, муҳокимаи масъалаи кор бо як патент дар чанд минтақа солҳо инҷониб садо медиҳад. Соли гузашта расонаҳои ин кишвар аз таҳияи лоиҳаи қонун бо супориши ҳукумати Русия иттилоъ дода буданд.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2025 арзиши патент барои шаҳрвандони хориҷӣ боло рафт. Аз ҷумла, арзиши гаронтарин патент дар соли 2025 дар вилояти Краснодар – 17 120 рубл, дар вилояти Челябинск – 15 000 рубл ва дар вилояти Твер – 14 973 рубл хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, арзонтарин патент дар Чеченистон – 3 113 рубл муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.