Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намуд, ки ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад бар асоси як патент дар якчанд минтақаҳои Русия кор кунанд. Тағйироти мазкур бо супориши раиси ҳукумат Михаил Мишустин ва муовини сарвазир Татяна Голикова омода шудаанд. Тавре ки “Ведомости” бо истинод ба матни лоиҳаи қонун хабар медиҳад, пас аз нашри расмӣ тағйирот пас […]

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намуд, ки ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад бар асоси як патент дар якчанд минтақаҳои Русия кор кунанд. Тағйироти мазкур бо супориши раиси ҳукумат Михаил Мишустин ва муовини сарвазир Татяна Голикова омода шудаанд.

Тавре ки “Ведомости” бо истинод ба матни лоиҳаи қонун хабар медиҳад, пас аз нашри расмӣ тағйирот пас аз як моҳ мавриди амал қарор мегиранд. Матни лоиҳаи қонун дар портали санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки чунин патент ҳамзамон дар якчанд минтақаҳое, ки мақомоти онҳо байни худ созишномаи махсус ба имзо расонидаанд, амал хоҳад кард.

Айни замон патенти корӣ танҳо барои дар як минтақа кор кардан дода мешавад ва вақте ки муҳоҷир ба минтақаи дигар меравад, бояд дуббора дар мақомоти муҳоҷират чунин ҳуҷҷат гирад.

Аз зарурати гирифтани патент ва иҷозатномаи кор шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин дорандагони ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) озоданд.

Коршиноси «Народный фронт. Аналитика» Павел Склянчук дар ин робита гуфтааст, “агар шаҳрвандии хориҷии дорои як патент байни минтақаҳо барои кор равуо карда тавонад, ин имкон медиҳад, ки талабот ба қувваи кории арзон тезтар қонеъ гардонида шавад”.

“Илова бар ин, ин тадбир бекории муваққатиро дар байни муҳоҷирон кам карда, хатари эҳтимолии аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳои ғайриқонуниро коҳиш медиҳад”, – иброз доштааст ӯ.

Мувофиқи маълумоти омории Хадамоти федералии амният, дар соли 2023 чунин миқдор шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади кор ба Русия омадаанд: аз Ӯзбекистон қариб 2 млн нафар, Тоҷикистон – 1,2 млн нафар ва Қирғизистон 718 ҳазору 414 нафар.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, дар соли 2023 шумори патентҳои кории додашуда (барои нафароне, ки бо тартиби бидуни раводид омадаанд) дар муқоиса бо соли пешин 3,6% афзуда, 2,3 млн ададро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти гуногун, дар Русия метавонанд аз 1,5 млн то 3 млн нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор дошта бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.