Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ

Дар ноҳияи Хуросон ду мансабдор ва як шаҳрвандро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва гирифтани пора дастгир кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон Бобокалонов Муҳимбек, раиси ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва Бобокалон Маҳмадзиёд, раиси Идораи кумитаи замин дар Хуросон, ки ҳарду […]

Дар ноҳияи Хуросон ду мансабдор ва як шаҳрвандро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва гирифтани пора дастгир кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон Бобокалонов Муҳимбек, раиси ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва Бобокалон Маҳмадзиёд, раиси Идораи кумитаи замин дар Хуросон, ки ҳарду бачаи амак мебошанд, инчунин Ҷалматов Қудрат, як сокини ин ноҳияро барои фаъолияти ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.

Дар натиҷаи таҳқиқот муайян гардидааст, ки Бобокалоновҳо аз соли 1991 то кунун дар вазифаҳои гуногун кор карда ва дар муддати фаъолияташон бо маслиҳати пешакӣ ва бо кумаки Ҷалматов Қудрат дастикам аз 4 шаҳрванд пора гирифта ва ғайриқонунӣ қитъаҳои заминро ҳуҷҷат карда доданд.

Гуфта мешавад, ки гумонбарон аз 4 шаҳрванд 8 ҳазор сомонӣ, 14 ҳазор сомонӣ, 20 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазор доллар гирифта ва ба ҳар яке аз онҳо аз 8 то 10 сотиқ ғайриқонунӣ замин додаанд.

Шаҳрвандон дар заминҳо то ин муддат биноҳои гуногун бунёд кардаанд.

Дар гузорише, ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон нашр кард, Бобокалонов Муҳимбек ва Ҷалматов Қудрат ба гуноҳи худ иқрор мекунанд. Аммо назари Бобокалон Маҳмадзиёд дастрас нест.

Ҳоло нисбати гумонбаршудагон бо моддаҳои 247, қисми 4, 323, 338, қисми 2 ва 340, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.