Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”

Пас аз нашри навори "Азия-Плюс" Раёсати ВКД дар Душанбе ронандаи дағалгуфторро 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард ва аз ҳуқуқи ронандагӣ дар ширкат маҳрум сохт. РВКД бидуни зикри манбаъ навишт, дар навор бо алфози қабеҳ дашном додани ронандаи автомашинаи тамғаи "Спринтер" инъикос гардидааст. “Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, […]

Пас аз нашри навори "Азия-Плюс" Раёсати ВКД дар Душанбе ронандаи дағалгуфторро 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард ва аз ҳуқуқи ронандагӣ дар ширкат маҳрум сохт.

РВКД бидуни зикри манбаъ навишт, дар навор бо алфози қабеҳ дашном додани ронандаи автомашинаи тамғаи "Спринтер" инъикос гардидааст.

“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Спринтер", рақамҳои қайди давлатиаш 7711ТТ05 шаҳрванд Тошпӯлотов Комилҷон Хайруллоевичи 54-сола, ки дар хатсайри №35 ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул аст, дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, – омадааст дар хабар.

Тасдиқ шудааст, ки номбурда зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар истгоҳ дурру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятии троллейбуси хатсайри №10 монеа эҷод намудааст.

“Ҳамзамон, ба эроди ронандаи троллейбус беэътиноӣ намуда, бо алфози қабеҳ нисбаташ дашном дода, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”, – афзудааст манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур 10-шабонӯз ҳабси маъмурӣ шуда ва аз ҷониби ширкати ҶДММ «Беҳрӯз-15» шартномаи ҳамкорӣ бо ронанда – Тошпӯлотов Комилҷон, барои вайрон намудани талаботи мусофиркашонӣ қатъ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз навори мазкурро хабаргузории "Азия-Плюс" нашр карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.