Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд

Asia-Plus

Дар Донишгоҳи байнулмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо дастгирии сафорати Ҷумҳурии Корея барномаи нави омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забон ва фарҳанги кореягӣ, бахусус миёни ҷавонон зиёд мешавад. Ғайр аз ин, бо оғози татбиқи барномаи муҳоҷирати кории EPS дар кишвар, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати шуғл дар Кореяи Ҷанубӣ имкон медиҳад, талабот ба омӯзиши забони кореягӣ боз ҳам бештар ва муҳимтару рӯзмарра шуд.

Донишгоҳи байнулмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе воқеъ буда, дар омӯзиши забони кореягӣ нақши назаррас дорад.

Аз соли 2009 донишҷӯёне, ки забони кореягиро омӯхтанд, ин муасссисаро хатм карданд. Донишгоҳ зиёда аз 400 мутахассис тайёр карда, нақши худро ҳамчун маркази таълими забони кореягӣ дар Тоҷикистон мустаҳкам кард.

Ба муносибати роҳандозии барномаи нав дар Донишгоҳ маросими муаррифии барнома ва чорабинии тантанавӣ доир гардида, донишҷӯён табъи меҳмонону ҳозиринро бо барномаҳои эҷодии таҷассумгари мероси фарҳангии ҳарду кишвар болида гардониданд.

«Ба туфайли ин барнома, ҳарчи бештар донишҷӯёни тоҷик метавонанд забони кореягиро омӯхта, минбаъд хатмкунандагони барнома ҳамчун омӯзгорон дар саросари кишвар фаъолият хоҳанд кард, ки дар рушди ҳамкории дуҷониба кумак мекунад», – изҳор дошт Ҷон Сонг Шик, сафири Ҷумҳурии Корея.

Роҳандозии барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ барои рушд ва таҳкими робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг байни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Акнун ҳарчи бештар донишҷӯён ба омӯзиши забони кореягӣ фаро гирифта шуда, хатмкунандагони барнома дониши худро ба насли оянда таълим хоҳанд дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...