Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Аз 21 то 24 март дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбандаи бебориш ва танҳо рӯзи 24 март боридани борон дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои дигар ҳавои тағйирёбандаи абрнок, лекин бебориш пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Рӯзҳои ҷашни Наврӯз […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 21 то 24 март дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбандаи бебориш ва танҳо рӯзи 24 март боридани борон дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои дигар ҳавои тағйирёбандаи абрнок, лекин бебориш пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар аксари минтақаҳо обуҳавои мусоид пешгӯӣ мешавад, ҳарчанд боридани борону раъду барқ метавонанд ба баргузори чорабиниҳои идона дар ҳавои кушод каме халал расонад.

Инак, пешгӯии обуҳаво дар минтақаҳо:

Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ): Шабона дар водиҳо 9-14 дараҷа ва рӯзона – 22-27 дараҷа гарм. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа гарм, баъзан то 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 14-19 дараҷа ва баъзан 9-11 дараҷа гарм. Рӯзи 24 март дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ зикр карданд, ки дар шаҳри Душанбе низ обуҳаво дар рӯзҳои ҷашн ба мисли Ноҳияҳои тобеи марказ мешавад.

Вилояти Хатлон: Дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм. Дар доманакӯҳҳо шабона 7-12 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм. Рӯзи 24 март дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Вилояти Суғд: Шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона – 21-26 дараҷа гарм. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм. Рӯзи 24 март борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ): Дар ғарби вилоят аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, баъзан то 8-10 дараҷа гарм. Рӯзона 10-15 ва баъзан то 18-20 дараҷа гарм. Дар шарқи ВМКБ шабона то 11-16 ва баъзан то 19-21 дараҷа хунук шудани ҳаво имкон дорад. Ҳавои рӯзона аз 5 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи 24 март дар ВМКБ боридани борону барф пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.