Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Ду марҳилаи ҷарроҳии мураккаб дар Ӯзбекистон, ки аз ҷониби табибони рус анҷом дода шуд, ба Умриузоқ Абдураҳмонов имконияти шифо ёфтанро дод. Саргузашти ӯро “Азия-Плюс” ҳамвора пайгирӣ дошт ва барои кумакаш ҳамоҳангӣ мекард.

Ҷарроҳии аввал 11-уми январи соли 2025 гузаронида шуд, ки тақрибан 8 ҳазор доллар арзиш дошт. Марҳилаи дуюм ва ниҳоии ҷарроҳӣ 25-уми январ анҷом ёфт, ки 1,5 ҳазор доллари дигарро талаб кард.

Маблағи заруриро одамони хайрхоҳ ҷамъ карданд, ки пас аз дидани гузоришҳои расонаҳо оид ба ҳолати ин ҷавон, ба кумак шитофтанд.

Умриузоқ аз оғози таваллудаш бо маъюбии модарзод – надоштани пешобдон, ба дунё омад. Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин бемории нодир аст, ки аз ҳар 3 миллион нафар дар сайёра танҳо як нафар ба он гирифтор мешавад.

Саргузашти ин ҷавон пур аз мушкилот ва дард буд. Вақте ӯ таваллуд шуд, маъюбияташ боиси он гардид, ки падараш аз ӯ рӯй гардонад ва оила пошида шавад. Умриузоқ дар 6-солагӣ ба хонаи пиронсолони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов оварда шуд. Вай 16 сол дар он ҷо умр ба сар бурд, то ин ки соли 2021 ба хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигорон, ӯ қисса кард: “Ман фарзанди дуюми оила ҳастам. Пеш аз ман ҳам волидонам соҳиби писарчае шудаанд, ки маъюб будааст. Ӯро дар кӯдакиаш аз даст додаанд. Пас аз ду соли марги бародарам, ман таваллуд шудаам. Мутаассифона, ман ҳам маъюб ҳастам”.

Ин ҳақиқатро ӯ аз нақли бибиаш фаҳмидааст.

Соли 2008, вақте ки Умриузоқ 11-сола буд, намояндагони ташкилоти "Рангинкамон" ба дидори ӯ омаданд. Пас аз шинос шудан бо ҳолати саломатии ӯ, онҳо барои гузаронидани ҷарроҳӣ ӯро ба Олмон бурданд. Дар он ҷо ҷарроҳии аввалин анҷом ёфт ва барои ӯ пешобдон васл карданд. Аммо то соли 2025 ҳолати саломатии ӯ ҳамоно душвор буд.

Баъди омаданаш ба хонаи пиронсолони Хуҷанд, Умриузоқ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт. Ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки боиси ҷалби дастгирии молӣ барои табобати ӯ гардид.

Акнун, пас аз ҷарроҳиҳои муваффақ дар Ӯзбекистон, табибон изҳор доштаанд, ки Абдураҳмонов метавонад оиладор ва соҳиби фарзанд шавад. Ин хабари хушест барои ҷавоне, ки беш аз 27 сол бо дард ва маҳрумият зиндагӣ кардааст.

“Давраҳои бачагиям, наврасиям бо азобҳои сангин гузашт, кӯдак бошам ҳам бо пиронсолон калон шудам. Рӯйи модару падар, меҳри онҳоро надида 28-сола шудам. Дар бадали ин ҳама мехоҳам оилаи солим бунёд карда, он чи худ надидам, ҳар орзуҳоямро ки дар умқи дилам монд дар фарзандонам амалӣ кунам”, – мегӯяд ӯ бо ашки шодӣ.

Масъулини Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ба дастгоҳи раиси вилоят муроҷиат кардаанд, то ин ҷавони ятимро бо хонаи якҳуҷрагӣ таъмин намоянд. Зокир Ҷалолов, муовини марказ, ки Умриузоқро ду маротиба барои ҷарроҳӣ ба Ӯзбекистон ҳамроҳӣ кардааст, мегӯяд, ки агар ҳукумати Суғд хона диҳад, онҳо Умриузоқро дастгирӣ ва оиладор хоҳанд кард.

Ҷалолов аз таҷрибаи беш аз 30-солаи педагогияш иброз медорад, ки Умриузоқ нисбат ба ҳамсолонаш тарбияи хуб дошта, ба пасту баландиҳои зиндагӣ тобовар аст ва албатта метавонад оилаи солимро тарбия кунад.

Умриузоқ орзу дорад, мактаби ронандагиро хатм карда, ронанда шавад, зеро саломатияш барои корҳои вазнин мусоид нест. Бо вуҷуди тамоми мушкилоташ, ӯ мехоҳад фарзандонашро соҳибилму соҳибкасб ба воя расонад ва он меҳри падариеро, ки худаш аз он маҳрум буд, нисори насли худ намояд.

Саргузшти пурраи Умриузоқ Абдураҳмоновро дар ин матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...