Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё

Date:

Гӯштингирони мунтахаби Тоҷикистон дар Asian Championships-2025, ки дар Уммон (Урдун) баргузор шуд, иштирок карданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи гӯштини Тоҷикистон хабар доданд, ду намояндаи мунтахаби Тоҷикистон – Виктор Рассадин ба дарёфти медали нуқра ва Магтмед Евлоев – ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Магомед Евлоев

Дар ин мусобиқаи қораи Осиё ҳудуди 400 нафар варзишгарон иштирок карданд. Варзишгарони дар ду навъи гӯштингирӣ – гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ рақобат карданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар гӯштини тарзи озод иборат буд аз: Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомед Евлоев (79 кг), Салимҷони Ҳалимзода (86 кг).

Ба ҳайати гӯштини тарзи озод варзишраони зерин шомил буданд: Аслам Азизов (60 кг), Суннат Абдуллоев (67 кг), Лоиқи Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулхаев (87 кг), Эдуард Бабеношев (97 кг).

Дигар намояндагони мунтахаби Тоҷикистон дар ҳарду навъи гӯштини ин мусобиқа дар давраҳои аввал ё байни қувваозмоиҳо аз рақибони худ шикаст хӯрда, аз дарёфти медалҳо маҳрум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...