Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 март  мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд». «Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 март  мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».

«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», – зикр намуд ӯ ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номид.

 

Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.

Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Тоҷикистон,  Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

Сипас сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии сутуни (стелаи) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Тавре ки хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад, мулоқотҳои сеҷониба дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо ҳанӯз соли 2007 оғоз гардида, лекин танҳо дар соли 2024 муяссар шуд, ки натиҷаи мусбат ҳосил шавад.

Моҳи январи соли 2025 дар нуқтаи эҳтимолии пайвастшавии сарҳадҳо вохӯрии роҳбарони ҳукуматҳои се кишвар доир гардид. Дар он ташаббуси Ӯзбекистон оид ба гузоштани сутуни дар қитъаи пайвастшавӣ пешниҳод гардида, ҳамаи ҷонибҳо онро дастгирӣ карданд.

 

Вохӯриҳои сеҷониба ва таҷлили муштараки ҷашни Наврӯз

Пеш аз вохӯрии сеҷониба Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни мулоқот бо Содир Жапаров сарони ду давлат вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушд ва таҳкими муносибатҳои накуҳамсоягии ду кишвар табодули афкор намуданд.

Сарони давлатҳо таҳкими муколамаи сиёсии дуҷониба дар ҳама сатҳҳо ва такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо таваҷҷуҳ ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол мутобиқ ба иқтидори мавҷудаи ду кишвар ба мақсад мувофиқ донистанд.

Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ – Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.

Баъдан, сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамин рӯз дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Баъди анҷоми мулоқот, маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ – Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.

Ин санад дар ҳузуи сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону ва Ӯзбекистон ба имзо расид.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров, Шавкат Мирзиёев ба маҷмааи қалъаи Хуҷанд ташриф оварда, бо иншооти муҳташами фарҳангӣ ва намоиши маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, қирғиз ва ӯзбек шинос шуданд.

Бегоҳии рӯзи 31-уми март сарони давлатҳо дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешкаш гардид, ширкат варзиданд.  

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.