Дар Тоҷикистон мусобиқаи фарогир барои футболбозони ҷавон баргузор мегардад

Кӯдакони аз 8 то 14-сола имкон пайдо мекунанд, ки дар лоиҳаи “МегаФон Life бо сабки футбол” иштирок намоянд. Ба ҳайси ташкилкунандагони мусобиқа ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон, ки байни онҳо шартнома оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушди варзиш ва маъмулгардонии тарзи ҳаёти солим миёни кӯдакон ва ҷавонон баста шудааст, баромад мекунанд. Мусобиқаҳои […]

Таблиғ

Кӯдакони аз 8 то 14-сола имкон пайдо мекунанд, ки дар лоиҳаи “МегаФон Life бо сабки футбол” иштирок намоянд. Ба ҳайси ташкилкунандагони мусобиқа ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон, ки байни онҳо шартнома оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушди варзиш ва маъмулгардонии тарзи ҳаёти солим миёни кӯдакон ва ҷавонон баста шудааст, баромад мекунанд.

Мусобиқаҳои футбол дар шаҳрҳои калони кишвар гузаронида мешаванд. Барои иштирок ҳамаи хоҳишмандон дархости худро гузошта метавонанд – масалан, дастаро метавон аз ҳисоби ҳамсинфон ё ҳамсоягон ташкил кард. Мусобиқа барои кашф кардан ва нишон додани истеъдодҳои варзишӣ, санҷидани нерӯи худ ҳангоми бозӣ бо кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои дигар, пайдо кардани дӯстону ҳамфикрон ва албатта, гирифтани таассуроти барҷаста аз бозии футбол – намуди варзиши дӯстдоштаи миллионҳо нафар имкони хеле хуб хоҳад буд. 

“Ширкати мо кайҳо боз футболи кӯдаконаро дастгирӣ менамояд. Мо дар давоми солҳои зиёд барои бачагон аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мусобиқаҳо доир мекардем. Доираҳои мусобиқаи нав ниҳоят васеъ ҳастанд: мо ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок даъват менамоем! Агар лоиҳаи “МегаФон Life бо сабки футбол” ба як майдони махсус табдил ёфта, кӯдакону наврасони имрӯзаро ҳамчун ситораҳои асили варзиши тоҷик тарбия намояд, мо хеле шод хоҳем шуд!” – изҳор дошт директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

“Футбол на танҳо бозист. Ин варзиши даставиест, ки барои муттаҳид сохтани малакаҳои гуногуни шахсӣ ва ҳамзамон такмилу инкишоф додани онҳо имкон медиҳад. Ҳамкорӣ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакон гузошта шавад. Ба василаи он садҳо ва ҳазорҳо кӯдакон дар қаламрави ҷумҳурӣ иқтидори худро дар ин самт кашф ва дар амал татбиқ хоҳанд кард”, – мегӯяд директори Лигаи футболи кӯдакону наврасон Абдулло Соқиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.