Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Шавкат Мирзиёев дар Самарқанд

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, ки имрӯз, 3-юми апрел дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор гардид, бо як қатор мақомҳои баландпояи Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.

Ба навиштаи хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Урсула фон дер Ляйен, президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кардааст.

Ӯ таъкид намудааст, ки “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”.

Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, зимни ин мулоқот ба тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.

“Масъалаҳои ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин роҳҳои татбиқи Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити байниминтақавӣ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд”, – навиштааст манбаъ.

Зимни мулоқот бо Антониу Кошта, президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бошад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

Дар ин мулоқот, Антонио Коста аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистонро таъкид намуда, Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтааст.

 

“Ҷонибҳо оид ба аҳамияти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки мувофиқасозиаш ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, табодули афкор намуданд”,-менависад дафтари матбуоти раиси ҷумҳур.

Ҳамчунин, дар ин мулоқотҳо маҷмӯи васеъи масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар мулоқот бо Одил Рено –Бассо, президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бошад, зикр гардидааст, ки дар давраи ҳамкорӣ  аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 184 лоиҳа мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо ба беш аз як миллиард доллар мерасад. Ин лоиҳаҳо асосан дар самтҳои таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳаҳои нақлиёту энергетика татбиқ мегарданд.

 

Эмомалӣ Раҳмон  сатҳи ҳамкорӣ бо бонкро баланд арзёбӣ намуда,  изҳор доштааст, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо назардошти таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити кунунӣ басо муҳим мебошад.

“Зарурати густариши ҳамкорӣ барои идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тобовар намудани иқтисодиёти Тоҷикистон ба хатарҳои имрӯза ва ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд таъкид гардид, – менависад манбаъ.

Ҳамчунин, изҳори бовар карда шудааст, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар доираи “рӯзномаи сабз” минбаъд тақвият меёбад.

Инчунин, зимни ин сафар ба Самарқанд Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон низ мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар ва масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудааст.

 

Шавкат Мирзиёев аз таассуроташ аз чорабиниҳои чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, ба ҷараён ва натиҷаҳои онҳо баҳои баланд додааст.

“Аз имзои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва бори дигар аҳамияти он дар рушди ҳамкории байнидавлатӣ таъкид гардид”, – менависад хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3-юми апрел бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба Ӯзбекистон сафар кард.

Ин аввалин Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” аст. То ин лаҳза ба ин монанд мулоқоти Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гашта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...