Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бино ба маълумоти радабандии навшудаи "Visa Index", Тоҷикистон аз лиҳози озодии сайру саёҳат мақоми 84-умро касб кард. Дорандагони шиносномаи Тоҷикистон метавонанд ба 23 кишвар бе раводид (виза) сафар карда, дар 33 давлат зимни ворид шудан раводид гиранд ва боз дар 2 кишвар иҷозатномаи электронӣ ё eTA ба расмият дароранд. Барои вуруд ба 40 кишвар "eVisa" ва 131 давлат пешакӣ гирифтани раводид талаб карда мешавад.

Тибқи маълумоти "VisaIndex 2025", фарқияти Тоҷикистон дар ин масъала бо кишварҳои собиқи шӯравӣ назаррас аст. Масалан, Украина дар мавқеи 28-ум бо сафари бе раводид ба 149 кишвар, Гурҷистон дар мавқеи 45-ум бо сафари бидуни раводид ба 125 давлат ҷойгир шудаанд. Туркманистон ягона кишварест, ки шиносномааш дар радабандии ҷаҳонӣ пасттар аз Тоҷикистон аст.

Барои муқоиса, Қазоқистон дар зинаи 63-юм (ба 82 кишвар сафари бе раводид), Қирғизистон дар мақоми 79-ум (63 самти сафари бе раводид), Ӯзбекистон дар зинаи 80-ум (62 кишвар) ва Туркманистон дар мақоми 92 (48 кишвар) қарор дорад.

Миёни қариб 200 кишвари ҷаҳон шиносномаи Тоҷикистон аз лиҳози озодии сафар (ҳаракат, равуо) дар яке аз мавқеъҳои пасттарин ҷой гирифтааст. Ин маънои онро дорад, ки нисбат ба шаҳрвандони бисёр кишварҳои дигар, дорандагони он бидуни раводид ё реҷаи соддашудаи раводид метавонанд ба кишварҳои начандон зиёд (маҳдуд) сафар кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси маълумоти “Passport Index”, дар соли 2025 шиносномаи Тоҷикистон дар аз рӯи сатҳи озодии ҳаракат мақоми 66-умро ишғол мекунад. Соҳибони он метавонанд ба 23 кишвар бидуни раводид сафар кунанд, визаро дар 47 кишвар пас аз расидан ба кишвар гиранд ва ҳамчунин иҷозатномаи электронӣ (eTA) дар 4 кишвар ба даст оранд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, низоми бидуни раводид бо 35 кишвари ҷаҳон амал мекунад, ки аз ин шумор 23 кишвар ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз навъи шиноснома вуруди бидуни раводидро таъмин мекунанд. Боқимонда, танҳо дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ бидуни раводид ворид мешаванд.

Имрӯз шаҳрвандон кишвар метавонанд, ки бидуни раводид ба Русия, Эрон, Украина, Гурҷистон, Арманистон, Малайзия, Беларус, Филиппин, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо раванд. Давлатҳое, ки тоҷикон баъди расидан дар он раводид мегиранд, аз ҷумла Малдив, Урдун, Камбоҷа, Маврикия ва Зимбабве мебошад.

Ғайр аз ин, Кения ва Покистон иҷозаи электронӣ (еТА) талаб мекунанд, ки тариқи онлайн ба расмият дароварда шуда, раводиди анъанавиро иваз мекунад. Бо вуҷуди ин, барои сафар ба бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин Британияи Кабир, ИМА, Канада, Ҷопон ва Австралия, ба шаҳрвандони Тоҷикистон лозим аст, ки пешакӣ дар консулгариҳо раводид дарёфт намоянд. Шумори ин кишварҳо ҳамагӣ 131-то аст.

Сарфи назар аз тамоюли умумии соддакунии сафарҳо ва зиёдшавии теъдоди кишварҳо бо раводидҳои электронӣ, шиносномаи аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло дар мавқеъҳои пасти радабандиҳои ҷаҳонӣ қарор доранд. Беҳтар шудани мавқеъҳо ба талошҳои дипломатӣ, сатҳи эътимод ва суботи иқтисодӣ вобаста аст.

 

Радабандии шиносномаҳо чист?

Дар радабандиҳои шинсонома нишон дода мешавад, ки то кадом андоза дорандагони он метваонанд соддаву осон ба дигар давлатҳои ҷаҳон сафар кунанд. Чӣ қадре, ки шахс бисёртар ба давлатҳо бидуни раводид ё бо раводид зимни расидан ба онҳо сафар карда тавонад, ҳамон қадр шиносномаи ӯ “қавитар” шуморида мешавад.

Радабандӣ индекс (шохис)-и махсусро ташкил медиҳад. Дар он 199 шиноснома ва 229 кишвар ва қаламрав ба инобат гирифта шудааст. Шиноснома барои ҳар як ҷое, ки бидуни раводид, гирифтани раводид бо  расидан ба он ҷо ё иҷозаи электронӣ (еТА) рафтан имкон дорад, балл (имтиёз) мегирад.

То чӣ қадре, ки ин самтҳо (кишварҳо) зиёдтар бошанд, мақом дар радабандӣ ҳамон қадр баландтар аст. Масалан, шиносномаҳо бо радабандии баланд ба 180+ кишвар бидуни раводиди пешакӣ дастрасӣ медиҳанд. Ба сатҳи шиноснома шартномаҳои байнулмилалӣ, сиёсат ва амният таъсир мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол, дорандагони сарватманди шиносномаҳои мавқеъашон паст ё худ “заъиф” тариқи сармоягузорӣ метавонанд шиносномаи дуюм гиранд, то ки бештар озодона сафар ва сайру саёҳат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...