Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико

Пулиси Душанбе аз боздошт як ҷавони 28-сола хабар дод, ки, ба гуфтаи ин ниҳод, барои даст доштан дар қаллобӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст. Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт имрӯз, 14-уми апрел аз боздоштшуда Аҳмадҷон Ҳасанов ном бурда, навишт, ки ӯ “шаҳрвандонро фиреб дода, бо ваъдаи ба Амрико фиристодан аз ҳар кадоме беш аз 20-ҳазор […]

Пулиси Душанбе аз боздошт як ҷавони 28-сола хабар дод, ки, ба гуфтаи ин ниҳод, барои даст доштан дар қаллобӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст.

Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт имрӯз, 14-уми апрел аз боздоштшуда Аҳмадҷон Ҳасанов ном бурда, навишт, ки ӯ “шаҳрвандонро фиреб дода, бо ваъдаи ба Амрико фиристодан аз ҳар кадоме беш аз 20-ҳазор долларӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст”.

Мақомот нагуфтаанд, ки ӯ чанд нафарро "фиреб додааст". Ҳамчунин, маълум нест, ки боздоштшуда аз кай дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва мушаххас кай дастгир гардидааст.

Ҳамчунин, назари ин ҷавон ё наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Мақомот гуфтаанд, ки ҳоло боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар мавриди  “кирдорҳои қаллобонаи ӯ” идома дорад.

Маълум нест, ки бар зидди ин ҷавон бо кадом модда парванда боз шудааст.

Қаблан мақомот аз боздошти чанд нафари дигар барои фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо хабар дода буданд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта 22 ҳазору 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 996 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Миёни ҷиноятҳо қаллобӣ – 3480 ҳолат дар зинаи дуюм қарор дорад. Лекин шумори ҷиноятҳои қаллобии онлайн ва сатҳи ошкоркунии онҳо маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.