Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баъзе ҷузъиёти латукӯби модар ва духтар дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро шарҳ додааст, ки ҳамчун гумонбар ду бародари шавҳари зан, яъне амаки духтар боздошт шуда буданд. Манбаъ бо пахши як навор иттилоъ дод, ки ҳодиса дар пайи муноқишаи зану шавҳар (Мадаминова Райҳонгул ва  Аҳтамҷон Мадаминов, шарҳи муаллиф) рух додааст, вале сабаби даъво шарҳ дода нашудааст.  […]

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баъзе ҷузъиёти латукӯби модар ва духтар дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро шарҳ додааст, ки ҳамчун гумонбар ду бародари шавҳари зан, яъне амаки духтар боздошт шуда буданд.

Манбаъ бо пахши як навор иттилоъ дод, ки ҳодиса дар пайи муноқишаи зану шавҳар (Мадаминова Райҳонгул ва  Аҳтамҷон Мадаминов, шарҳи муаллиф) рух додааст, вале сабаби даъво шарҳ дода нашудааст. 

“Мо қати ҳамсарам саҳарӣ ҷангҷол кардем, хест латукӯб кард. Рафт додарашро гирифта овард, кордро дар гарданам монд, гуфт, ки Аҳтам ин хел намешавад биё равем инҳоро куштан даркор. Худам ва духтарамро ҳамин қадар латукӯб карданд, ки мисле, ки тӯбро футбол карда бошанд”,-нақл кардааст Райҳонгул Мадаминова, зани ҷабрдида.

Ба иттилои мақомот, бародарон Нуралӣ Мадаминов ва Дилшод Зокиров ба хонаи бародари сеюмашон Аҳтамҷон Мадаминов ворид гашта, ҳамсари ӯ Райҳонгул Мадаминова ва духтараш Раъногул Мадаминоваро латукӯб кардаанд.

“Дар ҳавлӣ ҷанг мешаванд акам мезананд онҳоро. Мо дар онҷо шоҳиди ҳол ҳастем, баъд ман асабӣ шудан дар лаби тиреза корд мондагӣ буд гирифтаму гуфтам, ки мекушам ҳардуятонро. Баъд додарам Зокиров Дилшодро фарёд кардам ва ҳамин ҳодисаҳо рӯй доданд”,-нақл мекунад дар навор Нуралӣ Мадаминов.

Мақомот гуфтаанд, ки Дилшод Зокиров, гумонбари дигар ба сари рӯи Раъногул Мадаминова қасдан оби ҷӯш пошид, ки дар натиҷа духтар “бо ҷароҳатҳои сӯхтаи мавзеҳои рӯй, гардан, қафаси сина ва дигар узвҳо дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудааст”.

“Ман дар ҳамин ҳолат асабӣ шудам, худамро идора карда натавонистам ҷойники оби гармро ба сари ӯ тир кардам зад ва сӯхт”,-изҳор доштааст, Зокиров Дилшод.

Модари духтар дар изҳороташ гуфтааст, ки вазъи саломатии Мадаминова Раъногул то ҳол хуб нашуда, чеҳрааш сӯхта аст.

Дар шарҳи тафсилоти ҳодиса  мавқеи шавҳари зан пурра равшанӣ андохта нашудааст. Маълум нест, ки ӯ дар ҷараёни муноқиша ба куҷо рафтааст ва ё зимни ҳодиса дар ҷои ҳодиса буд ё не. Ҳамзамон сабаби муноқишаи зану шавҳар низ шарҳ дода нашудааст.

Аз РВКД дар вилояти Хатлон ҳам аз шарҳи ин қисмати ҳодиса ба мо худдорӣ карданд.

Мақомот бар зидди гумонбарон Мадаминов Нуралӣ ва Зокиров Дилшод бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 қисми 2 КҶ) парванда боз кардааст.  Ин моддаи қонунгузорӣ аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.