Ҷоми Осиё барои наврасони тоҷик поён ёфт

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон имрӯз, 14-уми апрел дар марҳилаи 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё аз мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити”-и шаҳри Ҷиддаи Арабистон Саудӣ баргузор гардид. Қисми аввали бозӣ бидуни гол поён ёфт. Дар қисми дуюми бозӣ, дар дақиқаи 67 […]

Asia-Plus

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон имрӯз, 14-уми апрел дар марҳилаи 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё аз мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити”-и шаҳри Ҷиддаи Арабистон Саудӣ баргузор гардид.

Қисми аввали бозӣ бидуни гол поён ёфт.

Дар қисми дуюми бозӣ, дар дақиқаи 67 футболбозони дастаи Куриёи Ҷанубӣ ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 74 онҳо бори дигар дарвозаи тими Тоҷикистонро рахна карданд, аммо баъди санҷиши довар, ин гол бекор карда шуд.

Дар дақиқаи 83 футболбозони тоҷик тавонистанд ҳисобро баробар кунанд. Пас аз ду дақиқа футболбозони тоҷик голи дуюми худро ба ҳадаф расониданд ва дар ҳисоб ба пеш гузаштанд.

 

Дар дақиқаҳои иловагӣ яке аз футболбозони тоҷик дар майдончаи ҷаримавӣ бо даст бозӣ кард ва барои ин довар ба дарвозаи тими Тоҷикистон зарбаи ёздаҳметрӣ таъин намуд. Футболбози куриёгӣ зарбаро бе хато иқро кард ва ҳисоб баробар – 2:2 шуд.

Дар сислсилаи зарбаҳои ёздаҳметрӣ яке аз футболбозони тоҷик хато кард ва натавонист тӯбро вориди дарвозаи Куриёи Ҷанубӣ кунад.

Ҳамин тавр, дар задани зарбаҳои 11-метра куриёиҳо бо ҳисоби 5:3 дар баробари Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварданд.

 

Ҳамин тавр, Ҷоми Осиё-2025 барои мунтахаби наврасони тоҷик ба охир расид. Аммо бо роҳ ёфтан ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон роҳхати Ҷоми ҷаҳонро соҳиб шуданд.

Ҳамакнун дастаи мо моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон, ки дар Қатар баргузор мегардад, ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.