Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар пайи муроҷиати сайёҳон аз Австралия, пулиси Душанбе як ронандаи таксиро барои бадрафторӣ ба онҳо боздошт ва беш аз 500 сомонӣ ҷарима кардааст.

Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе имрӯз, 15-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфт, "Закир Маматқобилов, ронандаи таксие дар Душанбе рӯзи 11-уми апрел ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати муроҷиаткунандагон – шаҳрвандони Австралия муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст".

Дар наворе, ки мақомот нашр карданд, дида мешавад, ки чӣ гуна ронанда аввал ба сари сайёҳон зургӯӣ мекунад ва баъди аз мошин пиёда шуданаи онҳо ӯ низ аз пасашон бо қаҳр аз мошин мефарояд.

Дар идома чӣ шудааст, дида намешавад.

Мақомот гуфтаанд, нисбати ронанда бо гумони “майдаавбошӣ” (моддаи 460 КҲМ) протоколи маъмурӣ тартиб дода, бо ҳукми додгоҳ 525 сомонӣ (7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима кардаанд.

Назари худи ронандаи таксӣ дар мавриди ин воқеа маълум нест.

Қаблан низ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз пулиси шаҳри Душанбе як кирокашро барои аз меъёр зиёд талаб намудани ҳаққи роҳкиро ва “дағалона муносибат намудан” ба сайёҳи эронӣ боздошт ва ҷазо дода буд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода буд, ки барои дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ хати телефони фаврӣ ташкил кардааст.

Гуфта мешуд, ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба рақамҳои 118-200-200  аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то -ҷумъа) мустақиман тамос гиранд ва дар дигар вақтҳо тариқи паёмрасонҳои Whatsapp ё Telegramи рақамҳои боло муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...