Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабарномае шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир даъват кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат барои як моҳ 700-750 евро (беш аз 8000-8625 сомонӣ) буда, беш аз 50 нафар барои кор дар ин вазифа қабул карда мешаванд. Ширкати корфармо […]

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабарномае шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир даъват кардааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат барои як моҳ 700-750 евро (беш аз 8000-8625 сомонӣ) буда, беш аз 50 нафар барои кор дар ин вазифа қабул карда мешаванд.

Ширкати корфармо чунин шароитро пешниҳод мекунад:

– Ҷойи зист (якҷоя) ва хурдӯ хӯрок;

– Суғуртаи тиббӣ;

– Харҷи нақлиёт;

– Чиптаи ҳавопаймо барои рафтуомад.

Аз довталабоне, ки дар ин вазифа кор кардан мехоҳанд, доштани 2 сол таҷрибаи корӣ дар самти фурӯшу хидматрасонӣ ба муштариён ва озод суҳбат кардан бо забонҳои русиву англисӣ талаб карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд тариқи почтаи электронии [email protected] ва сомонаи tawzeef.qa дархост гузоранд.

Вазорат барои гирифтани маълумоти бештар суроға ва рақамҳои тамоси Агентии муҳоҷират ва филиалҳои минтақавии онро нашр кардааст:

– Душанбе: кӯчаи Лоҳутӣ, 108, тел.: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193, +992918888679.

– Хуҷанд: маҳаллаи 28, хона 2А, тел.: +992928079999.

– Бохтар: кӯчаи Файзалӣ Саид, хонаи 69, тел.: +992905800063, +992934878828

– Хорӯғ: кӯчаи Н. Атобек, хонаи 16, тел.: +992935101439.

Ёдрас мешавем, ки давлати Қатар қаблан низ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар вазифаҳои пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор, ҳамчунин мутахассисони соҳаи мошинсозӣ ва таъмири мошинҳо ва соҳаи чорвопарвариро барои кор дар ин кишвар даъват карда буд.

Ҳамчунин, аввали соли равон Вазорати меҳнат ва муҳоҷират рӯйхати касбу ихтисосҳои дар давлати Қатар серталабро нашр кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.