Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт

Манзумаи Фирӯз, Шаҳноза Ализода, Asia-Plus

Дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон 11 сокини ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт хабар доданд.

Дар бемористон гуфтанд, осебдидаҳо 10 сокини ноҳияи Рашт ва як кӯдак аз ноҳияи Тоҷикобод мебошанд. То ҳол 3 нафар аз беморхона рухсат шуда, вазъи саломатии 8 каси дигар дар беморхона муътадил арзёбӣ мешавад.

“Ҳамаи беморон муоина шуда, таҳти назорати духторон қарор доранд ва дар ҳоли ҳозир худро хуб эҳсос мекунанд. Ҷароҳати ҳамаашон сабук буд”,-гуфтанд дар шифохона.

Як масъули беморхона ба “Азия-Плюс” гуфт, кормандони тиббӣ ва масъулони Раёсати тандурустии минтақа гурӯҳи корӣ ташкил карда, барои санҷиши вазъи саломатии зарардидагон чораҳои лозимиро андешиданд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои беморон лавозимоти тиббиро муҳаё карда, бо осебдидагон вохӯрдаанд.

Дирӯз, Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки  Абдухолиқ Амирзода, муовини вазир бо рафти табобати осебдидагон шинос гардида, “барои беҳтар кардани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба масъулини соҳа супориш додааст”.

Тибқи иттилои расмӣ, дар натиҷаи заминларза танҳо як кӯдаки 3-сола зери девори бино монда, фавтидааст.

 

Зарардидаҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд

Дар Раёсати муҳофизати аҳолӣ ва минтақаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳамаи хонаводаҳои зарардида дар натиҷаи заминларза ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуда, бо хӯроки гарм ва дигар маводҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Ба гуфтаи масъулин, дар ҷойи ҳодиса намояндагони Саридораи геология ва Институти сейсмологияи Аакадемияи миллии илмҳо ҳамроҳ бо комисияи ҳукуматӣ барои кӯчонидани ин хонаводаҳо кор мекунанд.

Кӯчонидан ё сохтани манзилҳо танҳо пас аз хулосаи геологӣ сурат мегирад.

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ва таҳти роҳбарии Сулаймон Зиёзода, муовини нахуствазир дар минтақаи Рашт ҷаласаи гурӯҳи кории ҳукумат бо иштироки роҳбарони ноҳия, ташкилотҳо ва муассисаҳо, мақомоти интизомӣ, раисони ҷамоатҳо ва шаҳр баргузор шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло сокинони ин минтақаҳо ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шудаанд ва роҳҳои маҳаллӣ низ пурра барқарор гардидаанд. Сокинон бо палаткаҳо таъмин карда шудаанд, ва кӯмакҳои моддӣ, психологӣ ва тиббӣ ба онҳо расонида шуда истодааст.

 

Ҳаҷми кумакҳо ба аҳолии зарардида чӣ қадар аст?

Дар ин ниҳод гуфтанд, ҳоло хисороти умумӣ маълум нест, аммо бо фармони раиси ҷумҳур кӯмакҳо ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод фиристода шудааст.

Дирӯз, 15-уми апрел бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ ҳамчун кумак фиристода шуд.

Ба иттилои Раёсати муҳофизати аҳолӣ ва минтақаҳои Тоҷикистон ин ёриҳо аз 500 тонна семент, арматура ва дигар маводҳои сохтмонӣ, 200 маҷмӯаи лавозимоти гуногун барои рӯзгор, ба мисли қолин, миз, кӯрпача, болишт, парпечи кӯрпачаҳо, матрасҳо ва 110 палатка иборат буд.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар пайи ин офати табиӣ 3 мактаб ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд. Як кӯдаки сесола ҳам дар натиҷаи ин ҳодиса, зери девор монда ҷон бохтааст.

Имрӯз, 16-уми апрел соати 4:14 дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод, ки маркази он дар 320-километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе ва 121-километрии ҷанубу ғарбии ноҳияи Ишкошим будааст. Маркази асосии заминларза дар Афғонистон ба амал омадааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...