“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?

Дар рӯзи дуюми ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2025” се намоишнома – “Хорпуштак ва Рӯбоҳ”, “Тангои ҷиноятӣ” ва “Евгений Онегин” манзури ҳаводорони ҳунари театрӣ гардид. “Азия-Плюс” имкон ёфт як намоишномаи ин рӯз – “Евгений Онегин”-ро, ки аз рӯйи асари Александр Пушкин ва бо коргаронии Гулчеҳра Наимова таҳия шуда буд, тамошо кунад. Намоишномаи “Евгений Онегин” аз […]

Шоираи Қудрат, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар рӯзи дуюми ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2025” се намоишнома – “Хорпуштак ва Рӯбоҳ”, “Тангои ҷиноятӣ” ва “Евгений Онегин” манзури ҳаводорони ҳунари театрӣ гардид.

“Азия-Плюс” имкон ёфт як намоишномаи ин рӯз – “Евгений Онегин”-ро, ки аз рӯйи асари Александр Пушкин ва бо коргаронии Гулчеҳра Наимова таҳия шуда буд, тамошо кунад.

Намоишномаи “Евгений Онегин” аз сӯи Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов омода ва шоми дирӯз, 15-уми апрел дар ин театр манзури тамошобинон гардид.

Асари “Евгений Онегин” аз ҷониби шоири маъруф Муҳиддин Фарҳат дар солҳои 60-уми асри гузашта тарҷума шуда, соли 1967 нашр гардидааст. Ҷолиб он аст, ки ҳанӯз соли 1946 операи “Евгений Онегин”-и Чайковский дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба забони тоҷикӣ иҷро шуда буд.

Ҳанӯз дар лаҳзаҳои аввали намоиш, аз замоне ки парда бардошта шуд, амалкарди ҳунармандон таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб кард. “Пушкин”-ро аз толор ба саҳна бароварданд ва ӯ ба қиссаи намоиш оғоз кард.

Бо либосҳои хоса ва нақшҳои барҷастае, ки гӯё аз тасвирҳои асримиёнагии Петербург бархоста буданд, ҳунармандон қаҳрамонони фоҷиаи маъруфи Пушкинро бо ҷилои нав зинда карданд. Ҳодиса дар нимаи аввали асри XIX дар Русия рух медиҳад

Қисса чунин оғоз гардид, ки Евгений Онегин, ҷавони шаҳрӣ аз зиндагии фориғболона ва дилгиронаи муҳити пойтахт хаста шуда, ба деҳа назди амакбачааш меравад. Он ҷо бо хонаводаи Татяна Ларина, ки дар ҳамсоягии амакбачааш мезист, шинос мешавад. Татяна Ларина, духтари ором ва ормонпараст ба Онегин дил мебандад ва аз муҳаббаташ ба ӯ нома менависад. Аммо Онегин ишқи ӯро рад мекунад.

Баъдан Онегин бо дӯсташ Ленский, ки бо хоҳари Татяна – Олга ошиқ аст, муноқиша мекунад. Дар як муноқиша Онегин Ленскийро ба дуэл даъват карда, нохоста ӯро мекушад. Баъди ин, Онегин сахт пушаймон мешавад ва солҳои зиёдро дар муҳоҷират сипарӣ мекунад.

Баъди солҳо Онегин ба Санкт-Петербург бармегардад ва дар як шабнишинӣ Татянаро мебинад, ки ҳоло хонуми комилҳуқуқ ва зани як генерали бонуфуз шудааст. Онегин акнун ба ӯ ошиқ мешавад ва муҳаббати худро баён мекунад.

Аммо Татяна, бо вуҷуди он ки ҳанӯз шарораҳои муҳаббат нисбати Онегин дар дилаш боқӣ буданд, ишқи ӯро намепазирад, зеро ба шавҳараш ва оинҳои ахлоқӣ содиқ аст.

Коргардон бо тарҳрезии саҳна, либосҳои таърихӣ ва лаҳзаҳои ҷаззоб тавонист, ки олами тасаввуроти Пушкинро дар муҳити зинда намоиш диҳад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ду намоиши дигар, “Хорпуштак ва Рӯбоҳ”, аз сӯи Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар ва  “Тангои ҷиноятӣ”, аз ҷониби Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури тамошобинон гардонида шуданд.

“Хорпуштак ва Рӯбоҳ” дар Театри  давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва дар “Тангои ҷиноятӣ” дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузошта шуданд.

Рӯзноманигори “Азия-Плюс” бо ин намоишномаҳо, ки қаблан низ ба саҳна гузошта буданд, ошно буд.

Намоиши Хорпуштак ва Рӯбоҳ” дар коргардонии Абдураҳим Абдураҳмонов дар бораи ҳушёрӣ, зиракӣ ва мубориза барои адолат қисса мекунад. Ҳадафи таҳиякунандагон тарбияи поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва меҳнатдӯстӣ дар кӯдакон гуфта мешавад.

Намоиши “Тангои ҷиноятӣ” моли нависанда ва дромнависи эстониёӣ  Эгон Раннет буда, онро коргардони ҷавони тоҷик Ватандор Шеров рӯйи саҳна овардааст.

Ин намоишнома 50 сол қабл дар Театри давлатии ҷавонон таҳия ва ба саҳна гузошта шуда буд ва ба гуфтаи коргардон, бинобар доғ будани муҳтавои он, дигарбора эҳё гардида, манзури ҳаводорони театр гардид.

Мазмуни ин намоишнома аз он иборат аст, ки ҷавоне бо гурӯҳи ҷиноятӣ шарик шуда, қурбонии рафиқони қиморбозаш мешавад. Дар ин байн таъсири тарбияти нохуби падару модар ҳам барҷаста нишон дода мешавад, ки ба таври кофӣ барои тарбияи писарашон талош накардаанд. Дар ниҳоят, ҳама ҷавонони ҷинояткор аз сӯйи пулис дастгир мешаванд.

Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту” анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

Фестивал рӯзи 14-уми апрел оғоз шуда, то 21-уми апрел давом карда, 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон менамоянд.

Гузориш аз рӯзи нахустини ҷашнвораи “Парасту – 2025” дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар бораи он ки боз кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.