“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?

Рӯзи 14-уми апрел дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту 2025” оғоз мегардад. Он як ҳафта, то 21-уми апрел давом карда, 18 театри касбӣ беҳтарин намоишномаҳое, ки давоми соли 2023-2024 рӯйи саҳна оварданд, манзури тамошобинон мекунанд. “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанг нақшаи баргузории намоишномаҳоро дастрас кард. Тибқи он, рӯзи 14-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Рӯзи 14-уми апрел дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту 2025” оғоз мегардад. Он як ҳафта, то 21-уми апрел давом карда, 18 театри касбӣ беҳтарин намоишномаҳое, ки давоми соли 2023-2024 рӯйи саҳна оварданд, манзури тамошобинон мекунанд.

“Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанг нақшаи баргузории намоишномаҳоро дастрас кард.

Тибқи он, рӯзи 14-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи чорабинӣ доир шуда, соати 18:00 ҳунармандони театри мазкур намоишномаи “Куруши Кабир”-ро дар таҳияи Айяна Оскенбаева ба саҳна мегузоранд.

Дар ҳошияи ҷашнвора ҳамчунин, баргузории мизҳои мудаввар бо ширкати алоқамандони театр дар назар аст. Аз ҷумла, рӯзи 20-уми апрел, соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов дарсҳои маҳорат барои коргардонҳо ва ҳунарпешагони театрҳо бо иштироки коршиносони хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар бораи он ки кадом намоиши саҳнавӣ кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар тасвирҳои зерин шинос шавед:

Ҳамчунин, 21-уми апрел, рӯзи ҷамъбастии озмун, соати 13:00 мунаққидон ва театршиносон асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшударо дар нишасте бо номи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мубодила мекунанд.

Дар идомаи рӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту–2025” доир мешавад.

Бояд гуфт, давоми як ҳафта ҳамарӯза дар саҳнаҳои театрҳои пойтахт ду-се намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Дохилшавӣ ба тамоми намоишҳо ройгон аст.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” дар ду сол як маротиба доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.