Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе

Бори нахуст дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба дучархаронии кӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 20 кишвар байни ҳам рақобат карданд. Садҳо тамошобину мухлиси варзиш дар Майдони дӯстии маркази пойтахт, пушти пайкараи Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд, то мусобиқаро тамошо кунанд. Душанбе дар қатори шаҳрҳои Барселона, Афина ва Сан-Паулу мизбони ин мусобиқа […]

Бори нахуст дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба дучархаронии кӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 20 кишвар байни ҳам рақобат карданд.

Садҳо тамошобину мухлиси варзиш дар Майдони дӯстии маркази пойтахт, пушти пайкараи Исмоили Сомонӣ ҷамъ омаданд, то мусобиқаро тамошо кунанд. Душанбе дар қатори шаҳрҳои Барселона, Афина ва Сан-Паулу мизбони ин мусобиқа гардид.

Барои баргузории мусобиқа дар маркази пойтахт муҳити кӯҳӣ фароҳам оварда шуд. Варзишгарон дар ҳар гардиш, қуллапаймоӣ ва фаромадан, назди ҳазорон мухлисон имтиҳон медоданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи мусобиқа оммавигардонии варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими обрӯи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Мусобиқа бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.