Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд

Дар Маскав интизорӣ доранд, ки дар Гузашти Ғалабаи рӯзи 9 май дар пойтахти Русия зиёда аз 20 сарони давлату ҳукуматҳо ба сифати меҳмонон иштирок мекунанд. Тавре ки “Интерфакс” хабар медиҳад, дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳори назар кардааст. “Аллакай ҳозир гуфта метавонем, ки аз иштироки беш аз 20 сарони давалату ҳукуматҳо интизорӣ […]

Asia-Plus

Дар Маскав интизорӣ доранд, ки дар Гузашти Ғалабаи рӯзи 9 май дар пойтахти Русия зиёда аз 20 сарони давлату ҳукуматҳо ба сифати меҳмонон иштирок мекунанд. Тавре ки “Интерфакс” хабар медиҳад, дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳори назар кардааст.

“Аллакай ҳозир гуфта метавонем, ки аз иштироки беш аз 20 сарони давалату ҳукуматҳо интизорӣ дорем, ки ҳамроҳи президент Путин ин ҷашнро таҷлил мекунанд”, – гуфтааст Песков ба рӯзноманигорон рӯзи сешанбе.

Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ки то кунун 10 кишвар ширкаташро тасдиқ кардааст.

Қаблан, аз Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дода буданд, ки афсарону сарбозони Тоҷикистон аввали моҳи май ба хотири ширкат дар сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80- солагии Ҷашни Ғалаба ба Русия мераванд. Аммо ҳоло маълум нест, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд сарбозу афсар иборат хоҳад буд. 

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Ҳар сол рӯзҳои 9 май ва 22 июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.