Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии фаврии ҷиноятҳо ва саривақт баррасӣ кардани муроҷиати шаҳрвандон барномаи худкор (бот)-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кардааст.

Ин ниҳод менависад, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо ворид кардани суроғаи муайян ному насаб, рутба, рақами телефон ва дигар маълумоти нозири минтақавии минтақаи худро пайдо карда, арзу шикояти худро бевоиста ба вай расонанд.

Барои ин зарур аст, ки дар "Телеграм" саҳифаи “Нозири минтақавии ман”-ро ҷустуҷӯ кард ва ё бо ин пайванд ба он ворид шуда, дар қисмати ҷустуҷӯ номи кӯча, маҳалла, бинои истиқоматӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ ва ё дигар маконҳои ҷамъиятиро ворид сохта, нозири минтақавиеро, ки дар ин масир фаъолият мекунад, пайдо кунанд.

Ин ниҳод таъкид мекунад, суроға бояд бе хато ва бо ҳуруфи тоҷикӣ навишта шавад.

Баъди ворид кардани суроға ному насаб, вазифа, рақами телефон ва масире, ки ин нафар назорат мекунад, пайдо мешавад ва метавон тавассути рақами телефони пайдошуда ба ноизир минтақавӣ тамос гирифт.

Мақомот аз сокинон хостааст, пеш аз истифода бо қоидаҳои барнома шинос шуда, ҳангоми мушоҳидаи ягон хатогиии техникӣ ба хотири мукаммалсозии барнома ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Қаблан, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боз шудани шабакаҳои нав барои қабули дархостҳои шаҳрвандон тавассути “WhatsApp” ва “Telegram” хабар дода буд. Сокинони пойтахт метавонанд бо рақами махсуси (+992) 018-02-02-02 пешниҳоду дархост ва шикояти худро ба ин паёмрасонҳо ирсол кунанд.

Ба гуфтаи ин раёсат, ин иқдом барои вокуниши саривақтӣ ба хабарҳо дар бораи амалҳои ғайриқонунӣ, ҷиноятҳо, нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳо нигаронида шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки ҳама паёмҳои ирсолшуда тибқи қонун коркард мешаванд, ки ҳифзи маълумоти шахсии муроҷиаткунандагонро кафолат медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...