Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале…

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори назди Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2024 сатҳи бекорӣ 1,9%-ро ташкил медиҳад. Қувваи кории кишвар аз 2,7 млн нафар иборат буда, 98,1%-и онҳо дар иқтисод машғули коранд. Теъдоди бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, 51,4 ҳазор нафарро ташкил дода, 6,3% зиёдтар нисбат ба моҳи декабри соли 2023 аст. Вале бояд […]

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори назди Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2024 сатҳи бекорӣ 1,9%-ро ташкил медиҳад. Қувваи кории кишвар аз 2,7 млн нафар иборат буда, 98,1%-и онҳо дар иқтисод машғули коранд.

Теъдоди бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, 51,4 ҳазор нафарро ташкил дода, 6,3% зиёдтар нисбат ба моҳи декабри соли 2023 аст.

Вале бояд гуфт, ки вазъии воқеии марбут ба мизони бекорӣ дар кишвар аз маълумоти расмӣ фарқ дорад.

Масалан, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон 11,5%-ро ташкил дода, ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳанда миёни кишварҳои ИДМ як зина пештар аз охир ҷойгир шудааст.

Дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус (ҳирфаӣ) вуҷуд дорад ва дар ҷойҳои корие, ки дастрасанд, аксаран музди меҳнати паст пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа кор ҷустуҷӯ мекунанд.

Айни замон тақрибан 1 млн шаҳрванди кишвар дар муҳоҷират қарор дошта, сарфи назар аз душвориҳо, дар муқоиса бо ватан ҷойҳои кории маошаш баландтар пайдо мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.