Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми апрел Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Эрон бо Абдураҳим Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кардааст. Ӯ дар доираи ин сафар дирӯз, 15-уми апрел ҳамчунин, бо Азиз Носирзода, вазири дифоъ ва Алиакбар Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карда буд.

Расонаҳои эронӣ ба ҷуз аз ахбори дидору гуфтугӯи Эмомалӣ Собирзода ва Абдураҳим Мусавӣ дигар дар ин бора ҷузъиёт надодаанд. Ҳачмунин, ҷузъиёти мушаххаси гуфтугӯҳо бо дигар мақомдорони Эрон ҳам маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид иттилоъе нашр накардаанд. Кушишҳои “Азия-Плюс” низ барои ба даст овардани иттилоъи дақиқ дар робита ба ин сафар бенатиҷа анҷомид.

Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки дар мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои дифоъ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ шудаанд.

Хабаргузории “Исна” навиштааст, Азиз Носирзода  дар ишора ба муштаракоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи дифоъ байни ду кишвар махсус таъкид намуда, ба мавқеи вижа ва барҷастаи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Эрон ишора кардааст.

“Мақомоти роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон робитаҳо бо кишвари Тоҷикистонро ба бародарӣ ва хешовандӣ асосёфта медонад”, – гуфтааст ин мақоми баландпояи Эрон.

Ҳамчунин, расонаҳои ин кишвар навиштаанд, дар дидори Эмомалӣ Собирзода бо Алиакбар Аҳмадиён таҳкими равобити сиёсӣ, дифоъ, иқтисодӣ, фанноварӣ ва амниятӣ таъкид шудаанд.

Ба иттилои хабаргузории “Исна”, Алиакбар Аҳмадиён заминаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро дар бахшҳои гуногун, махсусан, дар соҳаи муқовимат бо терроризм шарҳ дода, ба сафару мулоқоти охири Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ишора ва “омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои амалӣ намудани созишномаҳои бадастомада”-ро эълон кардааст.

Дар мулоқот Аҳмадиён ҳамчунин аз ҳалли масоили марзии Тоҷикистон бо баъзе Қирғизистон, ки барои тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, изҳори хурсандӣ ва қаноатмандӣ намудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Собирзода, вазири дифоъи Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ба Эрон сафар кардааст. Ӯ вориди Шероз шуда, бо Ҳусейналӣ Амирӣ, раиси вилояти Форс гуфтугӯ анҷом додааст.

Ба навиштаи Исна, Ҳусейналӣ Амирӣ низ бар мушобеҳоти зиёди фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон таъкид карда, бахшҳои ҳамкориҳои ду кишварро густурда хондааст.

Ёдрас мешавем, ки баъди сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ва ба имзо расидани 23 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф равобити ду кишвар ва сафарҳои мақоми баландпояи кишварҳо ба давлати ҳамдигар ба маротиб афзуд ва баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон садҳо сайёҳӣ эронӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.

Бояд гуфт, ҳоло як ҳайати кории Эрон низ бо роҳбарии Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, муовини ноиби аввали раиси ҷумҳури ин кишвар дар Тоҷикистон қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...