Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон дар натиҷаи коҳиши суръати афзоиши талаботи дохилӣ дар пасманзари камшавии интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон нисбати ММД то 7,5% поин меравад.

Дар Гузориши иқтисодии минтақавии Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) зикр мешавад, ки давоми солҳои 2025-2027 интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон пас аз нишондиҳандаҳои баланд дар солҳои 2022-2024 тадриҷ ба сатҳи дарозмуҳлат бармегарданд. Бо вуҷуди ин, дар робита ба коҳиши берун рафтани сармоя (аз ҷумла дар шакли харидани асъори нақд) тавозуни пардохт устувор боқӣ мемонад.

Коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷиронро муаллифони гузориш ба “бадшавии вазъият дар саросари ҷаҳон” нисбат медиҳанд.

Дар гузориши аввали моҳи марти Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират зикр гардида буд, ки дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории Тоҷикистон 45%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар ҷаҳон дар ифодаи нисбӣ аст. Дар Қирғизистон нишондиҳандаи мазкур 24% нисбат ба ММД ва Ӯзбекистон – 14% нисбат ба ММД-ро ташкил додааст.

Чанде пеш таҳлилгарони Бонки осиёии рушд дар Гузориши рушди минтақавӣ пешгӯӣ карданд, ки интиқоли маблағ дар соли равон то 37% нисбат ба ММД кам мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони ФАСР аз таваррум дар Тоҷикистон “наздиктар ба сатҳи болоии ҳудуди ҳадафнок” интизорӣ доранд. Ёдрас мекунем, ки нишондиҳандаи ҳадафнок барои соли 2025 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 5% (+/-2 б. ф.) муқаррар шудааст.

“Дар дурнамои миёнамуҳлат сатҳи таварруми солона ба ҳисоби миёна то нисфи ҳудуди ҳадафнок поин меравад", – таъкид мешавад дар гузоришии ФАСР.

Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, хавфҳои таваррум барои Тоҷикистон асосан ба хавфи болоравии назарраси нархҳо ба хӯрокворӣ нисбат ба сенарияи пешбинишуда вобастаанд.

Мақомоти Тоҷикистон нигаҳдории сатҳи рушди иқтисодро на камтар аз 8% дар нақша доранд.

Соли 2024 сатҳи рушд 8,4%-ро ташкил дод, ки 0,1 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2023 мебошад.

Ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта 153,4 млрд сомонӣ (14 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Дар сохтори ММД-и соли гузашта ҳиссаи бахши кишоварзӣ 22,8%, саноат – 16,9%, савдо – 15,2%, андоз – 9,4%, нақлиёт – 9,3%, сохтмон – 8,1%, дигар сохтору бахшҳо – 18,3%-ро ташкил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...