Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, имсол ба рӯзи 19 апрел – шанбеи ҳамин ҳафта рост меояд. Консерти асосӣ ва барномаи фарҳангӣ ба муносибати ин ҷашн соати 13:00 дар “Кохи Суруш” баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанбе хабар доданд. То оғози консерт дар […]

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, имсол ба рӯзи 19 апрел – шанбеи ҳамин ҳафта рост меояд.

Консерти асосӣ ва барномаи фарҳангӣ ба муносибати ин ҷашн соати 13:00 дар “Кохи Суруш” баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

То оғози консерт дар ҳамин кох маросими супурдани мукофоту ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар вазъияти ботантана натиҷаҳои озмунҳо дар соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Беморхонаи сол”, Муассисаи аввалияи тиббӣ-саниатарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол”, “Корманди миёнаи тиббии сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол”, “Стипендиати раиси шаҳри Душанбе” ва ғайра ҷамъбаст мешаванд.

Ғолибон бо мукофоту ҷоизаҳои шаҳрдории Душанбе қадрдонӣ мешаванд.

Пас аз ин маросим барномаи фарҳангӣ ва ҳунарнамоии гурӯҳҳои маъруфи мусиқӣ, дастаҳои рақсӣ ва инчунин ҳунармадони писандидаи эстрадӣ баргузор мешавад.

Дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт рӯзи 19 апрел шомҳои фарҳангии идона ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва варзишӣ доир мегарданд.

Ҳамчунин рӯзи 19 апрел Ниммарафони анъанавии байнулмилалӣ доир мегардад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Марафон ба масофаи 21 км 97,5 м аз роҳи назди “Наврӯзгоҳ” оғоз гардида, дар майдони “Дӯстӣ” ба охир мерасад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ташкили мусобиқа ва чорабиниҳо аз Фонди рушди пойтахт зиёда аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, аз 1 марти соли 2005 ҳамасола дар ҷумҳурӣ шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.