Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( АБП ИДМ) ба Русия рафт.

Тавре ки дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пагоҳ, 18 апрел раисони парлумонҳо, вакилон ва аъзои палатаҳои болоии парлумони кишварҳои ИДМ дар маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ дар маҷмаааи Пискарёв иштирок мекунанд. Сипас дар Кохи Таврида  ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад.

Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ аз фаъолият дар соли 2024 натиҷагирӣ карда, масоили омодагӣ ба нишастҳои қарибулвуқуи байнулмилалиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамин рӯз меҳмонони фахрии Ассамблея дар кори ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ  бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунанд.

Ба иттилои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, дар доираи иҷлосияи Ассамблея дар мавзӯи “Танзими муқовимат ба истифодаи ҳуши маснӯӣ ва технологияҳои нав бо ҳадафҳои террористӣ тибқи қонунгузорӣ” конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.

Дар конфронс масоили хавфу таҳдидҳои марбут ба истифодаи ҳуши маснӯӣ бо ҳадафҳои террористӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва дарёфти тавозун байни амнияту бехатарӣ ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин дар ҷаласаҳои Комиссияи муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният, инчунин комиссияҳои доимӣ оид ба мудофиа ва амният, масоили сиёсӣ ва ҳамкориҳои байнулмилалӣ масъалаҳои гуногун баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...