Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( АБП ИДМ) ба Русия рафт. Тавре ки дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( АБП ИДМ) ба Русия рафт.

Тавре ки дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пагоҳ, 18 апрел раисони парлумонҳо, вакилон ва аъзои палатаҳои болоии парлумони кишварҳои ИДМ дар маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ дар маҷмаааи Пискарёв иштирок мекунанд. Сипас дар Кохи Таврида  ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад.

Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ аз фаъолият дар соли 2024 натиҷагирӣ карда, масоили омодагӣ ба нишастҳои қарибулвуқуи байнулмилалиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамин рӯз меҳмонони фахрии Ассамблея дар кори ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ  бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунанд.

Ба иттилои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, дар доираи иҷлосияи Ассамблея дар мавзӯи “Танзими муқовимат ба истифодаи ҳуши маснӯӣ ва технологияҳои нав бо ҳадафҳои террористӣ тибқи қонунгузорӣ” конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.

Дар конфронс масоили хавфу таҳдидҳои марбут ба истифодаи ҳуши маснӯӣ бо ҳадафҳои террористӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва дарёфти тавозун байни амнияту бехатарӣ ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин дар ҷаласаҳои Комиссияи муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният, инчунин комиссияҳои доимӣ оид ба мудофиа ва амният, масоили сиёсӣ ва ҳамкориҳои байнулмилалӣ масъалаҳои гуногун баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.