Мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро мусодира кардаанд

Asia-Plus

Мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки барои харидории хона ҳамроҳи шавҳараш ҷамъ карда буд, мусодира кардаанд. Дар ин бора яке аз пайвандони рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Вай гуфт, ин маблағ дар бонк ба номи худи рӯзноманигор гузошта шуда буд ва қасд дошт, ки бо ин маблағ дар пойтахт хонаи истиқоматӣ харидорӣ кунад. Ӯ то инҷониб дар Душанбе дар хонаи иҷора истиқомат мекард.

“Маблағ ба номи худи Рухшона буд. Баъди боздошташ он аз сӯи мақомот ҳабс шуда ва сарнавишти баъдии он то ҳол маълум набуд. Акнун онро мусодира карданд. Чӣ ҳам дигар карда метавонем”, – гуфт яке аз пайвандонаш, ки ба далели амниятӣ аз гуфтани номаш худдорӣ кард.

Ба гуфтаи пайвандон, Рухшона Ҳакимова то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) нигоҳ дошта мешавад ва ба зиндон интиқол нашудааст.

“Бо гузашти дуним моҳ нагузоштанд, ки мо Рухшонаро бубинем. Ҳатто имкон надоданд, ки кӯдакон бо модари худ вохӯранд. Мо хеле хавотир ҳастем, намедонем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Аққалан намедонем, ки ба чӣ ниёз дорад, то онро дастрас кунем”, – гуфт ин шахси наздики Рухшона Ҳакимова.

Ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки чанд маротиба барои вохӯрӣ бо Рухшона Ҳакимова ба Додгоҳи олӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муроҷиат карданд, вале бенатиҷа анҷом ёфт.

Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, дар доираи "парвандаи табадуллот" аз сӯйи додгоҳ барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардид.

Дар аввал ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Зинаи кассатсинонӣ ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.

Қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон ба мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта, ки бо иттиҳоми кӯшиши табаддулот зиндонӣ шудаанд, оғоз карданд. Мақомот наздикони онҳоро огоҳ кардаанд, ки хонаҳои худро холӣ кунанд. Вале пайвандони баъзе аз ин афрод бо қарори мақомот розӣ нестанд ва гуфтаанд, манзилҳое, ки додгоҳ ба мусодираашон амр додааст, аз они ин ду нафар нестанд.

Рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон рӯзи 5-уми феврал зиндонӣ гардиданд.

Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки ба қавли вакилони дифоъ ва пайвандони маҳкумшудаҳо, аксари муттаҳамон эътироф накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...