Ҳуҷуми малах ба замину чарогоҳҳо кишоварзони Суғдро нигарон кардааст

Ҳуҷуми малахи марокашӣ ба майдонҳои кишт ва чарогоҳҳо, кишоварзони вилояти Суғдро нигарон кардааст. Ин намуди ҳашарот то имрӯз дар майдони 9 ҳазору 869 гектар паҳн шудааст. Дар ин бора Холиқ Бобоҷонов, сардори муасссиаи “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и вилояти  Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои манбаъ, барои пешгирӣ паҳншавии малах дар вилоят ситоди  корӣ  ташкил  шуда,  […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Ҳуҷуми малахи марокашӣ ба майдонҳои кишт ва чарогоҳҳо, кишоварзони вилояти Суғдро нигарон кардааст. Ин намуди ҳашарот то имрӯз дар майдони 9 ҳазору 869 гектар паҳн шудааст. Дар ин бора Холиқ Бобоҷонов, сардори муасссиаи “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и вилояти  Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, барои пешгирӣ паҳншавии малах дар вилоят ситоди  корӣ  ташкил  шуда,  дар  шаҳру  ноҳияҳое, ки аллакай, малах паҳн гардидааст, корҳои базараргардонӣ идома дорад. 

“Имсол, безараргардонии малах дар майдони 29 ҳазору 875 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 564 гектар зиёд аст. Соли 2024 дар майдони 29311 гектар коркарди кимиёӣ гузаронида шуда буд”, – зикр кард Холиқ Бобоҷонов.

Ӯ гуфт, корҳои безараргардонӣ то моҳҳои июли соли равон идома мекунад.

Ба иттилои номбурда, ҳоло дар 8 шаҳру ноҳияи шимоли кишвар паҳшавии малах ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳама бештар ноҳияи Деваштич осебпазир аст.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Деваштич дар майдони 2500 гектар, Спитамен дар  2000 гектар, дар Мастчоҳ 1540 гектар замин, Бобоҷон Ғафуров дар 1450 замин ва дар Зафаробод дар майдони 1305 гектар замин малах паҳн шуда, ба киштӣ аҳолӣ зарар расонидааст.

Ҳаҷми умумии хисороти малах то ҳол маълум нест.  

Барои нобуд кардани малах дар вилоят дар умум 285 дастгоҳ, аз ҷумла 14 адад трактори дорупошӣ ва дастгоҳи аэрозолӣ, 4 дона автомашинаи дорупошӣ ва 267 дорупошаки дастӣ бо ҷалби 293 нафар кор карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола бо фаро раисдани фасли баҳор селаи малах “меҳмон”-и нохондаи заминҳои Тоҷикистон, махсусан Суғду Хатлон мешавад. Мақомот барои мубориза ба он ҳар сол дасту панҷа нарм мекунанд, вале тавре дида мешавад, сол аз сол селаи малахҳо зиёд мегардаду кам не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.