Баъди гузориши “Азия-Плюс” роҳбари “Хуҷанд-роҳ” гуфт, роҳи дар Деваштич cохтаро “аз ҳисоби худ таъмир мекунем”

Дар пайи гузориши “Азия-Плюс” аз харобии роҳе дар ноҳияи Деваштич, масъулини роҳсозиву нигоҳубини он дар вилояти Суғд бо ташкили як гурӯҳи корӣ ҳолати ин роҳро санҷиданд. Роҳбари ширкате, ки роҳро сохтааст, ваъда дод, ки “роҳро аз ҳисоби худ таъмир мекунем”. Дар гузориши “Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар пайи гузориши “Азия-Плюс” аз харобии роҳе дар ноҳияи Деваштич, масъулини роҳсозиву нигоҳубини он дар вилояти Суғд бо ташкили як гурӯҳи корӣ ҳолати ин роҳро санҷиданд. Роҳбари ширкате, ки роҳро сохтааст, ваъда дод, ки “роҳро аз ҳисоби худ таъмир мекунем”.

Дар гузориши “Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст” зикр шуда буд, ки дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич бо пули муҳоҷирони корӣ ва сокинони маҳаллӣ беш аз 5 километр роҳ мумфарш карда шуд, вале бо гузашти қариб 3 моҳ қисме аз ин роҳ аллакай, хароб шудааст.

Баъди нашри ин матлаб, 11-уми апрел гурӯҳӣ корие, ки бо ҷалби кормандони раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд,  шӯъбаи Идораи роҳи ноҳияи Деваштич, директори ҶДММ “Хуҷанд-роҳ” ва намояндагони ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич ташкил шуд, ба ин қитъаи роҳ рафта, бо вазъи кунунии он шинос гардидааст.

 

“Дар вақти номуносиб сохта шудааст”

Олимҷон Муллоёров, мудири бахши назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд, тасдиқ кард, ки роҳ қисман хароб шудааст ва яке аз омилҳои харобшавии роҳ дар вақти номувофиқ бунёд шудани он мешавад.

“Дар роҳи автомобилгарди Деваштич – Каленинобод аз клометри 24 то 27 (ҷамоати Ваҳдат) чуқуриҳо пайдо шудааст. Маълум шуд, ки ин қитъаи роҳ дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2024 ва бо талаби маблағгузорон мумфарш гардидааст. Ваяке аз сабабҳои хароб шудани ин қитъаи роҳ маҳз дар вақти сардии ҳаво хобонидани мум аст”, – зикр кард Олимҷон Муллоёров.

Ӯ таъкид кард, ки қазияи бунёди роҳ ва дар фурсати кӯтоҳ хароб шудани онро пурра санҷида, аз натиҷаи он маълумоти муфассал ироа мекунад.

 

“Аз ҳисоби худамон таъмир мекунем”

Роҳи харобшударо ширкати “Хуҷанд–роҳ” сохтааст. Хайрулло Қудратзода, роҳбари ин ширкат ҳам дар ҳайати гурӯҳи корӣ ба ҷамоати Ваҳдат омад ва гуфт, ӯро “маҷбур кардаанд, то дар ҳавои номусоид роҳ созад”. Аммо дар ниҳоят ваъда кард, ки “роҳро аз ҳисоби худамон таъмир мекунем”.

“Вақте сокинони деҳаи Басмандаи ҷамоати Ваҳдат ба мо муроҷиат карданд, моҳи ноябр буд. Омада дидам ва гуфтам, ки намнокӣ баланд аст, намешавад роҳ сохт. Аммо онҳо пофишорӣ карданд. Ман гуфтам, бошад, агар сахт пофишорӣ мекунед, месозем ва сохтем”, – мегӯяд Хайрулло Қудратзода.

 

Ғайрат Холов, раиси пешини ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки бо талаби сокинони маблағ ҷамъоварикарда, ба идораи ширкати “Хуҷанд–роҳ” рафта, бунёди ҳарчи зудтари роҳро хостаанд.

“Воқеан, масъулини ширкат гуфтанд, ки барои сохтмони роҳ ҳаво мусоид нест, аммо сокинон, ки пул ҷамъ карда буданд, талаб карданд, ки роҳ ҳарчи зудтар бунёд ё пулашон баргардонида шавад. Мо ҳам ногузир ширкати роҳсозиро маҷбур кардем, то роҳро созад”, – мегӯяд Ғайрат Холов.

Ӯ таъкид мекунад, ки баъди хароб шудани роҳ роҳбари ширкати роҳсоз омада, вазъро дид ва ваъда кард, ки онро таъмир мекунад.

Хайрулло Қудратзода ҳам тасдиқ мекунад, ки баъди бунёди роҳ аз вазъи он чанд маротиба хабар гирифт ва аз харобиҳои он огоҳ аст. Ба сокинони ҷамоати Ваҳдат ҳам фаҳмонидааст, ки “айби асосӣ дар он аст, ки роҳ дар ҳавои номусоид бунёд шудааст”.

“Моҳи май роҳро аз ҳисоби худамон таъмир мекунем”, – ваъда кард Хайрулло Қудратзода.

Бояд гуфт, ки давоми  соли 2024 45 км роҳҳои ноҳияи Деваштич мумфаршу обод шуд, ки аз ин 5 клометраш аз буҷети ноҳия боқӣ 40 клометраш  бо саҳми сокинон аз ҷумла муҳоҷирони корӣ асфалдпӯш шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио