Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?

Asia-Plus

Дирӯз, 22-юми апрел, дар пайи як тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҳир Баротзода, сардори ҳамакнун собиқи Раёсати кофтукови ҷиноятии Тоҷикистон баъди 10 моҳи фаъолият дар ин ниҳод аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Бахтиёр Назарзода роҳбари ин ниҳод таъин гардид.

Тоҳир Баротзодаи 47-сола ба ҷои Мансур Бухоризода  ба курсии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД такя задБухоризода ба чӣ мансаб таъин шудааст, маълум нест.

Бахтиёр Назарзода, ки 6 соли охир ба ҳайси сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД фаъолият мекард, генерал-майори милистя буда, 54 сола аст.

Аз тарҷумаи ҳолаш, ки сомонаи ВКД нашр кардааст, бармеояд, ки ӯ аз соли 1998 дар сохтори корҳои дохилӣ фаъолият дошта, дар самти кофтукови ҷиноятӣ таҷриба дорад. Соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ буда, Академияи ВКД Тоҷикистонро хатм кардааст.

Бахтиёр Назарзода фаъолияти хидматиашро ба ҳайси ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оғоз намуда, дар солҳои гуногун дар вазифаҳои ташхисгари шуъбачаи ташхисии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии шуъбаи кушодани ҷиноятҳои ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи 6-уми шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои РВКД дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Ӯ як муддат ҳамчун сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор карда, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб ҳам будааст.

Баъди ин, ба дастгоҳи ВКД баргашта, ҳамчуни ваколатдори калони оперативии шуъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кор мекунад.

Дар ин миён, ба Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баргашта, сардори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор мекунад ва баъди чанде дубора ҳамчун сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар шаҳри Душанбе бармегардад.

Назарзода як муддат сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара буд.

Ӯ то таъин шудан ба ҳайси роҳбари Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, ҳамчун муовини сардори раёсате, ки акнун роҳбарӣ мекунад, кор кардааст.

Вай моҳи октябри соли 2019 сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД таъин шуд ва аз дирӯз сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Тоҷикистон аст.

Ба иттилои ВКД, Назарзода “барои хизматҳои содиқонаю софдилона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ бо як қатор мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ, аз ҷумла, соли 2012 бо медали “Ҷасорат” мукофотонида шудааст.

Бояд гуфт, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД яке аз ниҳодҳои калидӣ ва муҳим дар сохтори ВКД ба ҳисоб меравад. Солҳои пеш фаъолияти ин раёсат ҳамеша зери парда буд, аммо бо таъини Шоҳрух Саидзода, ки ин ниҳодро 7 сол роҳбарӣ кард ва яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад, фаъолияти он дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар инъикос мегардид. Ҳоло ӯ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...