Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?

Дар мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” Тоҷикистонро 20 варзишгар, аз ҷумла Комроншоҳ Устпороиён, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки қаблан гуфта буд, ба корномаи варзишии худ хотима медиҳад, муаррифӣ мекунанд. Номи ин паҳлавон дар рӯйхати онҳое, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, дида мешавад. Ӯ дар вазни то 95 кг баромад хоҳад кард. Қаблан, ин […]

Дар мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” Тоҷикистонро 20 варзишгар, аз ҷумла Комроншоҳ Устпороиён, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки қаблан гуфта буд, ба корномаи варзишии худ хотима медиҳад, муаррифӣ мекунанд.

Номи ин паҳлавон дар рӯйхати онҳое, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, дида мешавад. Ӯ дар вазни то 95 кг баромад хоҳад кард.

Қаблан, ин паҳлавони шинохтаи тоҷик пас аз шикаст дар бозиҳои олимпии "Порис-2024" эълон карда буд, ки ба корномаи варзишии худ хотима медиҳад. Ӯ аз номдортарин ҷудокорони тоҷик аст, ки аз даҳҳо мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон медал овардааст.

Дар маҷмуъ, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 18 варзишгар, аз ҷумла 3 зан муаррифӣ мекунанд. Ин мусобиқа рӯзи 26-уми апрел дар ар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе ба таври зайл аст:

Мардон:

– Муллораҷаб Халифаев, Суҳроб Боқиев, Муслимбек Каримов ва Сарвар Абдушукуров дар вазни то 65 кг;

– Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов ва Абубакр Боқиев дар вазни то 78 кг;

 – Комроншоҳ Устопириён, Исроил Раҳимов , Улуғбек Раҳимов ва Муҷиб Меҳробҷонзода дар вазни то 95 кг;

– Шакармамад Мирмамадов, Шариф Назриев, Фирдавс Насимов ва Дадахон Қурбоналлиев дар вазни ҷамъи 95 кг.

Занон:

– Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева дар вазни то 70 кг.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқот ҳамчунин, варзишгарон аз 25 кишвар – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Арманистон, Бангладеш, Белорусия, Булғористон, Олмон, Юнон, Миср, Молдова ва дигар давлатҳо ширкат мекунанд.

Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор доллар мебошад. Ғолибони мақоми аввал бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм 2 ҳазору 500 доллар қадрдонӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушди варзиш, тарғиби солимгардонӣ миёни сокинони пойтахт баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.