Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд

Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик ва модари ду кӯдаки ширхора, ки бо ҳукми додгоҳ қариб се моҳ пеш 8 сол равонаи зиндон шуда буд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол додаанд. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзноманигорро дирӯз, 22-юми апрел, ба зиндон […]

Asia-Plus

Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик ва модари ду кӯдаки ширхора, ки бо ҳукми додгоҳ қариб се моҳ пеш 8 сол равонаи зиндон шуда буд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол додаанд. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзноманигорро дирӯз, 22-юми апрел, ба зиндон бурдаанд.

“Дирӯз ба Боздоштгоҳи муваққатӣ хӯрок бурдем, онро қабул накарданд, гуфтанд, ки аз ин ҷо ба зиндони Норак интиқол дода шуд, дигар ҳеҷ чиз наоред”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Пайвандон мегӯянд, ки бо гузашти дуним моҳ аз боздошту зиндонӣ гардидани Рухшона Ҳакимова то ҳол бо ӯ вохӯрда натавонистанд ва акнун умедворанд, ки дар зиндон вомехӯранд.

Дар шаҳри Норак ягона муассисаи ислоҳии ЯС3/8 барои нигоҳдории занони маҳбус воқеъ аст.

Наздикони ин рӯзноманигори тоҷик бори дигар ба бегуноҳии Рухшона Ҳакимова таъкид карда, мегӯянд, ки ҳамоно “хостори бозбинии одилонаи парванда” ҳастанд.

Як манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфт, ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” давоми ҳафта аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба зиндон интиқол дода мешаванд.

Аз ин пештар, мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро, ки барои харидории хона ҳамроҳи шавҳараш ҷамъ карда буд, мусодира карда буданд. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои дигари "парвандаи табадуллот" оғоз кардаанд. 

Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, дар доираи "парвандаи табадуллот" аз сӯйи додгоҳ барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардида, 8 сол зиндонӣ шуд.

Дар аввал ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Зинаи кассатсинонӣ ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.

Рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон рӯзи 5-уми феврал зиндонӣ гардиданд.

Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки ба қавли вакилони дифоъ ва пайвандони маҳкумшудаҳо, аксари муттаҳамон эътироф накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.