Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ду рӯзи охир ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, молҳои рӯзгор ва маводи ғизоӣ кӯмак расонида шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), имрӯз, 25-уми апрел, кумакҳои навбатии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз озуқаворӣ, молҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст, ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ирсол гардид. Ҳаҷми ин ёриҳо гуфта намешавад.

Қаблан, ҳам дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони заминларза маҳсулоти хӯрокворӣ, колоҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ ҳамчун кумак фиристода шуда буд.

Ҳамчунин, дирӯз, 24-уми апрел, аз тарафи Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 60 тонна семент ба 20 оилаи қисман зарардидаи ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт тақсим карда шудааст.

Ғайр аз ин, ба иттилои КҲФ, ба 12 хонаҳои қисман зарардида 5,5 тоннагӣ семент тақсим шудааст. Маълум нест, ки ин тақсими ёриҳо бо шумули ҳамон 20 оила аст ё ҷудо мебошад. Аз КҲФ ба “Азия-Плюс” ин хабарро шарҳ надоданд.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор хонаҳои истиқоматӣ, ки дар ноҳияи Тоҷикобод натиҷаи офати табиӣ зарар дида буданд,  санҷидаанд.

Пештар “Тоҷиксуғурта” ба қариб 200 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар заминларзаи харобиовари охир зарар диданд, 483,5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда буд. Аз ин, ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабукрасида 1500 сомонӣ додаанд.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбтӣ дар робита ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақаи Рашт супориш дода буд, ки ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо то 1-уми ноябр пурра сохта ба истифода дода шавад.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум ба 65 хонаи истиқоматӣ пурра, ба 193 хона қисман, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...