Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд

Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми апрел, Валерий Герасимов, сардори ситоди кулли артиши Русия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар гузориш дод, ки вилояти Курс аз низомиёни Украина пурра озод шудааст. Иддаое, ки мақомоти низомии Украина рад кард.

Валерий Герасимов гуфт, дар озод кардани вилояти Курск сарбозони Кореяи Шимолӣ низ саҳми назаррас гузоштаанд.

“Мехоҳам саҳми хоссаи сарбозони Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро, ки тибқи Созишномаи ҳамкории стратегӣ байни кишварҳои мо дар озод кардани минтақаҳои марзии Курск аз нерӯҳои низомии Украина гузоштанд, таъкид мекунам”, – гуфтааст Герасимов.

Пештар Маскав ҳузури низомиён аз Куриёи Шимолиро ҳеҷ гоҳ эътироф накарда буд. Украина ва кишварҳои дигари ғарбӣ борҳо ба ҳузури беш аз 10 ҳазор низомии Куриёи Шимолӣ дар вилояти Курск ишора карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Ситоди кулли артиши Украина изҳороти Герасимов ба Путинро рад карда, гуфт, то ҳол дар Курск ҳудудҳои муайянро дар ихтиёр дорад ва меҷангад.

“Амалиёти дифоии артиши Украина дар минтақаҳои муайяни вилояти Курск идома дорад. Вазъ душвор аст, вале воҳидҳои мо вазифаҳои худро иҷро мекунанд ва бо истифода аз ҳама гуна аслиҳа, ҳамчунин тактикии мудофиаи фаъол, ба душман зарба мезананд”, – зикр мешавад дар изҳороти Ситоди кулли артиши Украина.

Бояд гуфт, артиши Украина ба вилояти Курск моҳи августи 2024 ҳуҷум кард. Онҳо тақрибан 1000 км мураббаро ишғол карданд. Он замон ҷониби Украина таъкид мекард, ки минтақаҳои ишғолкардааш дар Курск ҳангоми музокирот бо Русия бо заминҳои аз сӯйи Русия ғасбшудааш табодул хоҳад шуд. Аммо баъдан онро тадриҷан аз даст дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...