Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё

Имрӯз, 26-уми апрел, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се варзишгари дигари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Шеров ва Александр Кан рақобатҳои худро баргузор карданд. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг куштӣ гирифта, баъди шикасти се рақиби худ ба финал баромад. Аммо дар ин марҳила ӯ аз варзишгари Куриёи Ҷанубӣ – Ҷунван Ли шикаст хӯрда, маротибаи […]

Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми апрел, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се варзишгари дигари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Шеров ва Александр Кан рақобатҳои худро баргузор карданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг куштӣ гирифта, баъди шикасти се рақиби худ ба финал баромад. Аммо дар ин марҳила ӯ аз варзишгари Куриёи Ҷанубӣ – Ҷунван Ли шикаст хӯрда, маротибаи дуюм дар корномаи худ медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Маҳмадбеков қаблан дар соли 2021 соҳиби медали нуқраи ин мусобиқа шуда буд.

Ҷудокори дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг рақобатро аз даври дуюм оғоз кард. Ӯ баъди шикасти ҳарифи ҷопонии худ ба нимфинал баромад, вале дар ин давр Абубакр ба таври баҳсбарангез аз варзишгари ӯзбекистонӣ ноком шуд ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Дар рақобат барои ҷои сеюм паҳлавони тоҷик рақиби муғулистонии худ Уранбаяр Одгерелро ноком карда, медали биринҷиро ба гардан овехт.

 

Дар вазни то 57 кили миёни занон Александр Кан, варзишгари тоҷик ба майдон омад. Ӯ дар даври якум рақиби худ аз Малайзияро ноком кард, вале дар даври дуюм аз варзишгари Тайпеи Чин шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се ҷудокори тоҷик – Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё аз 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 13 паҳлавон, 9 мард ва 4 зан Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет” беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.