Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст

Отабек Мадраҳимов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскави Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият доштааст, дар яке аз шоҳроҳҳои ин шаҳр сӯхтори мошинеро хомӯш кардааст. Ҳодиса ду рӯз пеш, 24-уми апрел рух додааст. Дар навори аз ҷойи ҳодиса нашршуда дида мешавад, ки Отабек Мадраҳимов бо мошини обкаши худ дар миёни раҳ меистад ва оташи мошини алангагирифтаро […]

Отабек Мадраҳимов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскави Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият доштааст, дар яке аз шоҳроҳҳои ин шаҳр сӯхтори мошинеро хомӯш кардааст. Ҳодиса ду рӯз пеш, 24-уми апрел рух додааст.

Дар навори аз ҷойи ҳодиса нашршуда дида мешавад, ки Отабек Мадраҳимов бо мошини обкаши худ дар миёни раҳ меистад ва оташи мошини алангагирифтаро хомӯш мекунад. Чанд қадам дуртар аз мошини оташгирифта кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ҳам ҳузур доранд ва барои оташхомӯшкунӣ омода мешаванд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ки бо ин ҷавони тоҷик сӯҳбат кардааст, менависад, ки Отабек Мадраҳимов корманди хоҷагии комуналии ноҳиявии “Хорошёво Мневники” буда, муваққатан дар шаҳри Маскав фаъолият менамояд.

Ин ниҳод бо истинод ба нақли Отабек Мадраҳимов навиштааст, ки ӯ “бо гумони он, ки дар дохили нақлиёт эҳтимол одамон қарор доранд, новобаста аз он, ки хатари ба амал омадани таркиш вуҷуд дошт, ҷасорат нишон дода, фидокорона оташро хомӯш намуд”.

Худи Отабек Мадраҳимов гуфтааст, ки “қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овардам. Гумон кардам, ки дар дохили нақлиёт касе ҳаст. Мо тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунем”.

Намояндагӣ ба Отабек Мадраҳимов барои ҷасорату матонаташ изҳори миннатдорӣ намуда, рафтори ҷавонмардонаи ӯро намунаи олии ибрат номидааст.

Аммо дар бораи ин қаҳрамонии шаҳрванди Тоҷикистон расонаҳои Русия хабар надодаанд.

Бояд гуфт, расонаҳои Русия, ки бештар ба таблиғот пардохтаанд, дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандини Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни риояи меъёрҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла риояи тавозун ва асли бароат иттилоъ медиҳанд, аммо аз инъикоси рафтори хуби онҳо худдорӣ менамоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.