Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои “худсарона сохта”-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?

Мақомот ҳафтаи гузашта, дар Душанбе ва Хатлон ба тахриби нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии сарироҳӣ, ки ба гуфтаи онҳо ғайриқонунӣ ва худсарона ташкил шудааст, оғоз карданд. Дар ҷараёни рейд, аз ҷониби кормандони милитсия ва шаҳрдорӣ дар ноҳияи Шоҳмансур даҳҳо ошхонаҳои сарироҳӣ, нуқтаҳои фурӯши аз чӯб сохташуда ва таваққуфгоҳҳои ғайриқонунӣ, ки ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Ваҳдат монеъа эҷод мекарданд, тахриб шуданд. […]

Мақомот ҳафтаи гузашта, дар Душанбе ва Хатлон ба тахриби нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии сарироҳӣ, ки ба гуфтаи онҳо ғайриқонунӣ ва худсарона ташкил шудааст, оғоз карданд. Дар ҷараёни рейд, аз ҷониби кормандони милитсия ва шаҳрдорӣ дар ноҳияи Шоҳмансур даҳҳо ошхонаҳои сарироҳӣ, нуқтаҳои фурӯши аз чӯб сохташуда ва таваққуфгоҳҳои ғайриқонунӣ, ки ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Ваҳдат монеъа эҷод мекарданд, тахриб шуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар ҷараёни ин чорабинӣ ба қаламрави гирду атрофи бозори “Обшорон” таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, савдои ғайриқонунӣ қатъ ва иншооти худсарона сохташуда тахриб гардида, қаламрави бозор ба тартиб оварда шудааст.

Чанд рӯз пеш, Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон ҳам хабар дод, ки дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” дар ин вилоят якчанд дӯкон ва нуқтаи хидматрасонӣ дар атрофи бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар бартараф ва “нисбати ҳуқуқвайронкунандагон 540 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст".

Мақомот гуфтаанд, ки дар дохили бозор нуқтаҳои холӣ ҳаст, вале соҳибкорон ба онҷо намераванд. 

“Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ якчанд фурӯшандаҳо дар дохили бозор соҳиби ҷой ва раста барои ба фурӯш баровардани маҳсулот гардиданд”, – омадааст дар хабари мақомот. 

Назари онҳое, ки дӯконҳояшон тахриб ва ё кӯчонида шудаанд, маълум нест. Мақомоти Хатлон мегӯянд, ин амалиёт 10 рӯз давом мекунад.

Дар пайи тахриби дӯконҳои ба қавле худсарона сохташуда, "Азия-Плюс" аз ҳуқуқшиносони Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқи дастрас” пурсид, ки сохтмони худсарона чист ва чӣ гуна онро метавон қонунӣ кард?

 

Сохтмони худсарона чист?

– Мувофиқи меъёрҳои моддаи 293 Кодекси мадании Тоҷикистон (аз соли 2023), сохтмони худсарона сохтмоне (хонаи истиқоматӣ, биною иншоот ё дигар молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла таҷдиди онҳо) мебошад, ки дар қитъаи замини бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои чунин мақсад ҷудонашуда ё бе гирифтани иҷозати зарурӣ ё ба таври назаррас вайрон кардани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд шудааст.

Шахсе, ки худсарона сохтмон кардааст, ба он ҳуқуқи моликият пайдо намекунад. Он ҳуқуқ надорад чунин сохтмонро ихтиёрдорӣ кунад, аз ҷумла фурӯшад, ҳадя намояд, ба иҷора супорад ва вобаста ба он аҳди дигарро анҷом диҳад.

Сохтмони худсарона тибқи даъвои шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон шудааст ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд аз тарафи шахси онро сохта ё аз ҳисоби он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур, вайрон карда шавад.

Агар сохтмони худсарона дар қитъаи замини бо мақсади сохтмон тибқи тартиби муқарраргардида ҷудошуда бо розигии заминистифодабарандаи якумдараҷа сурат гирифта бошад, чунин заминистифодабаранда ҳуқуқ надорад вайрон кардани онро талаб намояд. Агар сохтмон дар қитъаи замини худсарона ишғолшуда анҷом дода шуда бошад, он бояд бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вайрон карда шавад.

Шахсе, ки сохтмони худсаронаро бевиҷдонона анҷом додааст, ҳуқуқ ба ҷуброни зиёнро надорад, вале метавонад маводи сохтмонро ихтиёрдорӣ намояд.

Ихтиёран вайрон накардани сохтмони худсарона дар муҳлати муқарраршуда ё муҳлати дигари оқилона маънои даст кашидан аз ҳуқуқи моликият ба маводи сохтмонро дорад.

 

Ҳуқуқи моликият

Ҳуқуқи моликияти шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода бо талаби он аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба ин шахс барои сохтмон дода шуда бошад. Дар сурати вафоти шахсе, ки сохтмони худсаронаро анҷом додааст, бо талаби меросгирони ӯ ҳуқуқи моликияти шахси вафоткарда эътироф шуда метавонад.

Ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсаронаи аз ҷониби шахси дигар анҷомдодашуда аз тарафи суд бо талаби шахсе, ки қитъаи замин ба он барои сохтмон дода шудааст, эътироф шуда метавонад.

Дар ин ҳолат шахсе, ки ҳуқуқи моликияташ ба сохтмони худсарона эътироф шудааст, ба шахси сохтмонро анҷомдода арзиши хароҷоташро, ки андозаи онро суд муайян менамояд, пардохт мекунад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони дигарро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ба муҳити зист зарар расонад, инчунин дар дигар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани қоидаҳои шаҳрсозӣ ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона эътироф карда намешавад.

Дар ҳолати куллан ба лоиҳа мувофиқ набудани сохтмон, ки ба манфиатҳои ҷомеа мухолифат дорад ё ҳуқуқи шахсони дигарро вайрон менамояд, ё вайронгардии ҷиддии меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ҷой дорад, суд дар асоси даъвои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии худидоракунӣ метавонад қарор қабул намуда, шахси сохтмонкардаро уҳдадор намояд, ки азнавсозии сохтмонро тибқи талабот анҷом диҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.