Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард

Рӯзи 25-уми апрел дар шаҳри Маскав Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия вохӯрдааст. Дар ин дидор, тибқи иттилоъи расмӣ, ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, маориф ва фарҳанг баррасӣ шудааст. Қоҳир Расулзода таъкид кардааст, Русия шарики асосии Тоҷикистони дар тиҷорати берунӣ боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Қоҳир […]

Рӯзи 25-уми апрел дар шаҳри Маскав Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия вохӯрдааст.

Дар ин дидор, тибқи иттилоъи расмӣ, ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, маориф ва фарҳанг баррасӣ шудааст.

Қоҳир Расулзода таъкид кардааст, Русия шарики асосии Тоҷикистони дар тиҷорати берунӣ боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, гардиши савдо миёни ду кишвар дар як соли ахир ба 2 миллиард доллар наздик шуда, дар семоҳаи аввали соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 дарсад афзоиш ёфтааст.

Михаил Мишустин Тоҷикистонро “муҳимтарин шарики стратегии Русия дар Осиёи Марказӣ” хонда, гуфтааст, ки табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ  9% афзоиш ёфта, наздики 300 млн сомонӣ (23 миллиард рубл)-ро ташкил додаааст.

Ӯ афзудааст, ки зиёда аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон робитаи тиҷорӣ доранд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот ҷанбаҳои гуногунни ҳамкории тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.